Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордодҳои муҳим байни Тоҷикистону Русия дар рузи аввали сафари В.Путин


Абдуқайюми Қайюмзод ва Мирзои Салимпур

Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе ва дидору мулоқоти у бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонов чанд созишномаи муҳими байнидавлатӣ миёни Душанбеву Маскав имзо шудааст.
Владимир Путин дар Душанбе эълон кард, ки кишвараш дар 5 соли наздик ба иқтисоди Тоҷикистон то 2 миллиард доллар сармоя ворид хоҳад кард. Оқои Путин чунин мизони маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро бесобиқа донист ва гуфт, ин ба шарофати ду омил - низоми собити қудрат дар Тоҷикистон ва ҳусни эътимоди мавҷуда дар байни раҳбарони ҳар ду кишвар муяссар шудааст.
Владимир Путин аз имзо шудани созишнома бо ширкати русии "Русский Алюминий" ситоиш кард, ки мехоҳад дар амри бунёди ниругоҳи Роғун 560 миллион доллар сармоя гузорад.Владимир Путин хостори теъдоди бештари чунин барномаҳои, ба гуфтаи вай, бузург бо ширкати сармояи русӣ дар Тоҷикистон шуд.
Ҳамчунин қарор шуда, ки Русия идомаи сохтмони ниругоҳи Сангтударо ба ивази 100 миллион доллар тааҳҳуди қаблӣ 250 милён доллар маблағгузорӣ хоҳад кард.200 миллион доллар аз ин маблағ сармояи мустақим буда, 50 миллиони дигараш аз ҳисоби қарзи Тоҷикистон аст.
Алексей Кудрин, вазири саноати Русия гуфтааст, танҳо шарти кишвараш дар баҳои чунин сармоягузорӣ ба поён расонидани сохтмони ниругоҳи Сангтуда дар 4 соли наздик аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ ба навбаи худ аз имзо шудани созишнома бо ширкати "Русский Алюминий" ба манзури бунёди ниругоҳи барои кишвараш фавқуллода муҳими Роғун ва ҳамчунин аз барномаи сохтмони корхонаи нави алюминсозӣ истиқбол кард.
Қарор аст, Русия барои бунёди як корхонаи нави алюминсозӣ дар вилояти Хатлон бо иқтидори тавлиди 200 000 тонна алюмин дар сол 160 миллион доллар ҷудо намояд.
Русия зимнан дар баҳои ҳаққи моликияташ бар маркази назорати кайҳонии "Окно", воқеъ дар минтақаи Норак 242 милён доллар қарзи боқимондаи Тоҷикистонро низ ботил кард. Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия бо таъкид ба аҳамияти вижаи низомии маркази "Окно" гуфт, Русия замини ин пойгоҳро барои 49 сол ва бо қимати символики ҳамагӣ 39 сент ба иҷора мегирад.
Ду кишвар ҳамчунин дар соҳоти низомӣ ба ду созишномаи ҳамкориҳои марзӣ ва таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон имзо гузоштанд ва қарор аст, Владимир Путин дар расми ифтитоҳи ин пойгоҳи низомӣ иштирок намояд. Оқои Путин ин пойгоҳро як бахши муҳими шабакаи таъмини амнияти ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ номид.
Созишномаи дигари имзошуда байни Тоҷикистону Русия пиромуни масоили муҳоҷират буд, ки шароити ҳуқуқии кору иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва атбоъи он кишвар дар Тоҷикистонро ҳаллу фасл мекунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар замон сафари Путинро сафари барои мардуми тоҷик таърихӣ ва Владимир Путин музокироти суратгирифта дар Душанберо оғози марҳалаи ҷиддие дар роҳи равобити Русия бо Тоҷикистон ба қалам додаанд.
Абдуқайюми Қайюмзод ва Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG