Пайвандҳои дастрасӣ

Барои мусалмонон моҳи шарифи Рамазон фаро расид


Имруз дар аксари кишварҳои мусалмонии ҷаҳон барои ҷамъияти беш аз якмиллиарднафарии мусалмонон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Дар як баёнияи муштарак ба шарафи шуруъи ин моҳи шариф шоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ва валиаҳди тахти саудӣ амир Абдуллоҳ бо табрики мардум аз ҳусни таҳаммул дар дини Ислом суҳбат кардаанд, ки ба гуфтаи подшоҳони саудӣ, "хушунату тундгароӣ ва эъмоли тарсу тааддӣ болои мардумро намепазирад."
Моҳи шарифи Рамазон моҳи нувуми тақвими исломӣ буда, аҳли Ислом онро моҳи куштани нафс, моҳи тоату ибодат ва моҳи махфирати гуноҳҳо медонад.
Моҳи Рамазон то 14 ноябр, то рузи иди саиди фитр тул хоҳад кашид.
Ба фарқ аз солҳои гузашта шурои уламои Тоҷикистон имсол оғози моҳи шарифро аз рузе ҳисоб кард, ки бисёре аз кишварҳои дигари мусалмонӣ, аз қабили Арабистони Саудиву Мисру Ироқу Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои дигари Тоҷикистон дар минтақа қабул кардаанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG