Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши Питер Вингли аз муборизаи давлати Тоҷикистон бо фақр


Раҳбари ҳайъати Сандуқи Ҷаҳонии Пул Питер Вингли рузи панҷшанбе, 14 октябр зимни дидор в мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз мизони татбиқи барномаи коҳиши фақри давлати Тоҷикистон ситоиш кардааст.Бино ба оморҳои ба муассисаҳои байналмилалии молӣ пешниҳодкардаи давлат, мизони фақр дар Тоҷикистон аз 83 дарсади 4 соли пеш ба 68 дарсад поён рафтааст. Ин барнома аз ҷумла бо кумаки молии Сандуқи Ҷаҳонии Пул пиёда мешавад.
Дар гуфтугуи рузи панҷшанбе масоили иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои равобити Душанбе бо Сандуқи Ҷаҳонии пул аз мавзуъҳои асосӣ будааст.
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Питер Вингли гуфт, ки мизони рушди иқтисоди кишвараш имсол на камтар аз 10 дарсадро ташкил дода, ба ин тартиб, ҳаҷми маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то охири сол ба 2 миллиарду 400 милён доллар баробар хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти идораи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, феълан Сандуқи Ҷаҳонии Пул якҷо бо намояндагони давлати Тоҷикистон масруфи таҳияи як консепсияи воҳиди ислоҳоти низоми идории Тоҷикистон аст.
Сафаргули Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG