Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи низомии Русия дар рузҳои сафари В.Путин ифтитоҳ мешавад


Мирзои Салимпур

Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов, ки дар Руминия дар ҳошияи нишасти муштараки Шурои Русияву паймони низомии НАТО суҳбат мекард, изҳор дошт, расми ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар рузҳои сафари қарибулвуқуъи президент Владимир Путин ба Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Сергей Иванов ин пойгоҳи ҷадидро ҳамчун як бахши муҳими низоми таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба сифати қадами бузурге дар роҳи такмили таркиби низомии Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тавсиф кардааст.
Қарор аст, сафари оқои Путин ба Тоҷикистон рузи 16 октябр оғоз шавад, вале алакай дируз вазири саноату энержии Русия Виктор Христенко ва мудири ширкати РА ЕЭС Анатолий Чубайс дар раъси як ҳайъати коршиносони давлатии он кишвар ба хотири баррасии масоил ва барномаи ин сафар вориди пойтахти Тоҷикистон шудаанд.
Владимир Путин феълан дар Чин ба сар мебарад ва дар роҳи бозгашт аз он кишвар вориди Тоҷикистон шуда, зимни анҷоми сафари расмии серуза дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Осиёи Марказӣ низ ширкат хоҳад кард. Дар ин нишаст дар пойтахти Тоҷикистон, қарор аст, Русия расман ба узвияти ин созмон пазируфта шавад.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG