Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи созишномаи муҳоҷират барои имзо омода шудааст


Пешнависи cозишнома дар бораи муҳоҷират миёни Тоҷикистон ва Русия омода шуда ва дар ҷараёни дидори Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов, руасои ҷумҳуриҳои ҳар ду кишвар, ки қарор аст дар охири ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе иттифоқ уфтад, ба имзо хоҳад расид.
Муҳаммадшоҳ Илолов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, гуруҳи муштараки корӣ тайи бештар аз се сол масоил ва мушкилоти вобаста ба шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода буд. Ба гуфтаи вазир, ин гуруҳи кории ҳар ду кишвар дар ин муддат тарҳи созишнома - санади расмии ҳуқуқии миёни ин кишварҳоро таҳия ва дар баробари куллияи масоили баҳсофарин дар ниҳоят ба тавофуқ даст ёфтааст.
Оқои Илолов дар ҷараёни тавзеҳи банду моддаҳои созишномаи мазкур нуқоти аслии онро ба се бахш ҷудо кард. Вай гуфт, дар қадами аввал ҳифзи ҳуқуқ ва шароити кори муҳоҷирони корӣ мадди назар гирифта шудааст.
Муҳаммадшоҳ Илолов афзуд: "Якумин ва муҳимтарин меъёр он аст, ки он шаҳрвандоне, ки дар хориҷа кор мекунанд, маоши онҳо набояд камтар аз музди шаҳрвандони он кишвар бошад. Ҳамаи он чорабинӣ ва ё тадобире, ки ба ҳифзи шароити кор дар ин кишварҳо пешбинӣ мешаванд, ба атбоъи тоҷик, ки чун муҳоҷири корӣ ҳастанд, бояд татбиқ карда шавад."
Ба гуфтаи вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бар асоси ин санад минбаъд корхонаи давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин афроди алоҳидаи Русия ва ё Қазоқистон ҳуқуқи муҳоҷири кориро ба ҳангоми маризӣ ва ё корношоямӣ тибқи муқарарроти қонуни кор пардохт хоҳад кард.
Муҳаммадшоҳ Илолов дар мавриди бахшҳои дуввум ва саввуми тарҳи созишномаи муҳоҷират гуфт, ки онҳо ба ҳифзи шароит ва вазъи иҷтимоии муҳоҷирони тоҷик, ҳуқуқи онҳо ба таҳсил ва ҳаққи истифодаашон аз хадамоти тиббӣ робита мегирад.
Оқои Илолов ҳамчунин гуфт: "Солҳое ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунад, бояд ҳамчун солҳое, ки барои нафақа гирифтан ворид мешаванд, дониста мешавад. Ва севвум, гуруҳе, ки онҳо бояд ҳифз карда шаванд, мо онҳоро равиши иҷтимоӣ мегӯем, яъне ҳуқуқ ба таҳсил ва истифода аз хидмати тиббӣ. Инҳо низ нисбат ба муҳоҷирони корӣ татбиқ карда мешаванд."
Созишномаи муҳоҷират миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳоле омода мешавад, ки як омори дақиқи теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишварро на аз мақомоти давлатӣ ва на ниҳодҳои дигар дар ихтиёр надоранд. Аз ҷумла вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ теъдоди муҳоҷиронро 350 000 нафар шуморидааст ва аммо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират шумори ин мардумро 600 000 мегуяд.
Абдуқайюми Қайюмзод, аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG