Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷират ба Русия ба зудӣ ҳукми қонунро хоҳад гирифт


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Пешнависи cозишнома дар бораи муҳоҷират миёни Тоҷикистон ва Русия омода шуда ва дар ҷараёни дидори Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов, руасои ҷумҳуриҳои ҳар ду кишвар, ки қарор аст дар охири ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе иттифоқ уфтад, ба имзо хоҳад расид.

Пешнависи cозишнома дар бораи муҳоҷират миёни Тоҷикистон ва Русия омода шуда ва дар ҷараёни дидори Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов, руасои ҷумҳуриҳои ҳар ду кишвар, ки қарор аст дар охири ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе иттифоқ уфтад, ба имзо хоҳад расид.
Муҳаммадшоҳ Илолов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, гуруҳи муштараки корӣ тайи бештар аз се сол масоил ва мушкилоти вобаста ба шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода буд. Ба гуфтаи вазир, ин гуруҳи кории ҳар ду кишвар дар ин муддат тарҳи созишнома - санади расмии ҳуқуқии миёни ин кишварҳоро таҳия ва дар баробари куллияи масоили баҳсофарин дар ниҳоят ба тавофуқ даст ёфтааст.
Оқои Илолов дар ҷараёни тавзеҳи банду моддаҳои созишномаи мазкур нуқоти аслии онро ба се бахш ҷудо кард. Вай гуфт, дар қадами аввал ҳифзи ҳуқуқ ва шароити кори муҳоҷирони корӣ мадди назар гирифта шудааст.
Муҳаммадшоҳ Илолов афзуд: "Якумин ва муҳимтарин меъёр он аст, ки он шаҳрвандоне, ки дар хориҷа кор мекунанд, маоши онҳо набояд камтар аз музди шаҳрвандони он кишвар бошад. Ҳамаи он чорабинӣ ва ё тадобире, ки ба ҳифзи шароити кор дар ин кишварҳо пешбинӣ мешаванд, ба атбоъи тоҷик, ки чун муҳоҷири корӣ ҳастанд, бояд татбиқ карда шавад."
Ба гуфтаи вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бар асоси ин санад минбаъд корхонаи давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин афроди алоҳидаи Русия ва ё Қазоқистон ҳуқуқи муҳоҷири кориро ба ҳангоми маризӣ ва ё корношоямӣ тибқи муқарарроти қонуни кор пардохт хоҳад кард.
Муҳаммадшоҳ Илолов дар мавриди бахшҳои дуввум ва саввуми тарҳи созишномаи муҳоҷират гуфт, ки онҳо ба ҳифзи шароит ва вазъи иҷтимоии муҳоҷирони тоҷик, ҳуқуқи онҳо ба таҳсил ва ҳаққи истифодаашон аз хадамоти тиббӣ робита мегирад.
Оқои Илолов ҳамчунин гуфт: "Солҳое ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунад, бояд ҳамчун солҳое, ки барои нафақа гирифтан ворид мешаванд, дониста мешавад. Ва севвум, гуруҳе, ки онҳо бояд ҳифз карда шаванд, мо онҳоро равиши иҷтимоӣ мегӯем, яъне ҳуқуқ ба таҳсил ва истифода аз хидмати тиббӣ. Инҳо низ нисбат ба муҳоҷирони корӣ татбиқ карда мешаванд."
Коршиносони тоҷик ва намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳияи тарҳи ниҳоии созишномаи муҳоҷиратро аз суи Русия ва Тоҷикистон як иқдоми мусбат дар роҳи равобити дуҷонибаи ин кишварҳо арзёбӣ карданд. Ба эътиқоди коршиносон, мушкилоти муҳоҷирати кории атбоъи Тоҷикистон ба Русия тайи чанд соли ахир ба як масъалаи доғ миёни ин кишварҳо табдил шуда ва гоҳ-гоҳе Русия аз ин мушкилӣ ба ҳайси фишанги фишор дар муқобили Тоҷикистон низ истифода мекунад.
Насруллоҳ Рамазонов, масъули дафтари матбуоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар робита ба анҷоми таҳияи тарҳи созишномаи муҳоҷират миёни Русия ва Тоҷикистон гуфт: "Ин созишнома метавонад дар таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои кор дар Русия, дар ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар роҳи қонунигардонии корашон ё ин ки қонунигардонии истиқомати онҳо дар Русия кумак расонад."
Аммо Раҳматуллоҳ Валиев, дабири маъули Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегуяд, ба далели ин ки қисмати умдаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба таври ғайрилегалӣ ва бидуни дарёфти асноди расмии ҳаққи иқомат ва кор мавриди истифода қарор мегиранд, татбиқ ва иҷрои комили ин созишнома баъид ба назар мерасад.
Оқои Валиев мегӯяд: "Тавре медонем, аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бе шартнома ва ба шахсҳои ғайриҳуқуқӣ, яъне шахсҳои алоҳида хизмат мекунанд ва онҳо дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаанд. Ва фикр мекунам, ки проблемаи асосӣ ин аст, ки аввалан он усулу механизмҳоеро бояд ёфт, ки ҳамаи муҳоҷирони корие, ки аз Тоҷикистон ҳастанд, бояд як роҳи осон ва мусоидеро ёфт, ки онҳо ба қайд гирифта шаванд."
Насруллоҳ Рамазонов, намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон бо таъкид ба ин нукта, ки аз оғози соли оянда равуои атбоъи Тоҷикистон ба Русия тавассути танҳо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад, гуфт, як мушкили муҳоҷирони корӣ дар ҳоли ҳозир дарёфти ҳамин шиносномаҳои хориҷист.
Аммо Муҳаммадшо Илолов, вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ҳоло бо пешниҳоди вазорати онҳо,ки дар 6 шаҳри Русия намояндагӣ дорад, масъалаи ифтитоҳи бахшҳои дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар назди ин намояндагиҳо дар ҳукумат мавриди омузиш қарор дорад. Оқои Илолов гуфт, таъсиси чунин бахшҳо барои муҳоҷирине, ки имкони бозгашт ба ватанро надоранд, муфид хоҳад буд.
Созишномаи муҳоҷират миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳоле омода мешавад, ки як омори дақиқи теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишварро на аз мақомоти давлатӣ ва на ниҳодҳои дигар дар ихтиёр надоранд. Аз ҷумла вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ теъдоди муҳоҷиронро 350 000 нафар шуморидааст ва аммо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират шумори ин мардумро 600 000 мегуяд.
XS
SM
MD
LG