Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи СММ ва ИДМ доир ба Тоҷикистон


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ рӯзи душанбе дар Маскав бо имзои як меморандум, ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ эълом доштанд, фаъолиятҳои муштараки худро ҷиҳати пуштибонӣ аз сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз сар мегиранд. Игор Паско, муовини раиси бахши умури созмондеҳии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо эъломи ин матлаб тавзеҳ кард, Созмони Милал ва Кумитаи иҷроияи кишварҳои муштаракулманофеъ ба хотири таҳкими ҳар чӣ бештари субот дар Тоҷикистони баъдиҷангӣ тасмим гирифтаанд, ҳамкориҳои худро таҷдид кунанд.

Вай афзуд, ёддошти тафоҳумро Владимир Рушайло, раиси кумитаи мазкур ва Владимир Сотиров, раиси намояндагии СММ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Владимир Рушайло ба ҳангоми имзои меморандум иброз дошт, Кумитаи иҷроияи кишварҳои муштракулманофеъ ва дафтари СММ бо дарки амиқи зарурати мубрами пуштибонӣ аз сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ҳамкории муштараки худро дар ин фароянди муҳим аз сар бигиранд. Владимир Сотиров дар навбати худ нақши кумитаи иҷроияи иттиҳод ва СММ дар фароянди пойдории сулҳ дар Тоҷикистон муҳим хонд. Ёдоварӣ гардид, ки ҳарду созмон дар марҳалаи муқовимати мусаллаҳонаи ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон ҳамкории фаъол доштанд ва маҳз ба шарофати талошҳои СММ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои муштракулманофеъ, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, ба вижа Русия 27 июни соли 1997 дар Маскав шартномаи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ баҳори соли 1999 дар шаҳри Минск дар заминаи шӯрои ҳамном ташкил ва Владимир Рушайло раиси он интихоб гардид. Ба кумитаи иҷроия 12 кишвари собиқ шӯравӣ, бо шумули Тоҷикистон узвият доранд. Владимир Рушайло тавзеҳ кард, дар марҳалаи кунунӣ мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир, муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва густариши СПИД дар сархати барномаи нави ҳамкориҳои дафтари СММ дар Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои муштракулманофеъ қарор хоҳад гирифт.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG