Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақобат дар кишварҳои муштаракулманофеъ


Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Зимни баргузории нишасти бистуми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои муштаракулманофеъ зикр шуд, ки феълан дар бозори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рақобат афзуда, фаъолияти инҳисорӣ бо манзури маҳдуд кардани рақобати солим идома дорад. Нишасти мазкур бо ширкати намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳод, ба ғайр аз ҷамоҳири Гурчистон ва Молдова 12 октябр дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ кард.

Амонулло Ашӯров, муовини раиси Оҷонсии сиёсати зидиинҳисорӣ ва пуштибонӣ аз соҳибкории Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи иштирокдорони ин нишаст буд, гуфт, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатхои Мустақил айни ҳол бе иртиботи қавӣ дар мавриди ҳамоҳангсозии қавонини зиддиинҳисорӣ ва пуштибонӣ аз соҳибкорӣ имкони ба рушди мунтазами иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даст ёфтанро надоранд: "Мақсад ва мароми ин шӯро бевосита ҳамоҳанг сохтани қонунҳои зиддимонополӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Дар ин шӯро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, тартиби ҳамоҳанг сохтани қонунҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандда марбут, қонунҳое, ки ба пешгирии фаъолияти монополи ҳамоҳанг ҳастанд, қарорҳо қабул карда мешаванд."

Амонулло Ашӯров, муовини раиси Оҷонсии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва пуштибонӣ аз соҳибкорӣ бар асоси гузориши раиси оҷонсии мазкур, ки дар нишаст ироа шудааст, мегӯяд, дар ҳоле, ки ин ниҳод навтаъсис буда ва таҷрибаи зиёд надорад, ғайриинтизор мавқеи хоси худро соҳиб шудааст: "Феълан аз 20 парвандае, ки ташкилотҳои дигар бар асоси амрияҳои мо ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат кардаанд, хушбахтона аз сӯи ин судҳо дастгирии қонунӣ ёфт."

Дар ҳамин ҳол, Алма Жусбекова, намояндаи Оҷонсии танзими инҳисороти табиии Қазоқистон фаъолияти очонсии зиддиинҳисории Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт: "Мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар фаъолияти худ сиёсати зиддимонополии давлати худро дар мавриди зуҳур кардани рақобати солим, пуштибонӣ аз соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва танзими инҳисороти табиӣ муваффақона амалӣ мекунад."
Хонум Жусбекова афзуд, фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории Қазоқистон низ дар мавриди рушди соҳибкорӣ ва танзими монополияҳои табиии кишвар фаъолияти густарда дорад. Ба гуфтаи ӯ, соли 2003 аз суи ин мақомот дар мавриди афзоиши арзиши маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои дохилии кишвар таҳқиқот гузаронида шуд. Бар асоси ин таҳқиқот, мегӯяд хонум Жусбекова, маълум гашт, ки ширкатҳои таъминкунандаи маводи нафтӣ беасос арзиши ин қабил маҳсулотро афзоиш додаанд. Баъд аз баррасиҳои додгоҳӣ ширкати «Петроказахстан элпродекс» ҳудуди 60 ҳазор доллар ҷарима карда шудааст.

Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ чаҳор сол қабл бар асоси созишномаи мутақобилаи сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис шуда ва ҷаласаҳои он дар кишварҳои мухталифи узви ин шӯро баргузор мешавад.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Вобаста

XS
SM
MD
LG