Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуттии шаффоф далели интихоботи шаффоф аст?


Қуттиҳои шаффофи раъйгирӣ барои интихоботи қарибулвуқӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар Душанбе сохта хоҳад шуд. Масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, дар чаҳорчӯби омодагиҳо ҷиҳати баргузории интихоботи парламенти ояндаи кишвар ва ба манзури мутобиқсозии он бо меъёрҳои байналмилалӣ комиссия тасмим гирифт, аз чунин қуттиҳои шаффофи раъйгирӣ истифода шавад.

Муҳибулло Додоҷонов - роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо дархости онҳо чанде аз корхонаҷоти кишвар барои сохтани қуттиҳои раъйгирии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷалб шуданд. Аз ин миён нусхаи пешниҳодкарда аз корхонаи мавсум ба "Фаннон"-и пойтахт мавриди таваҷҷӯҳи мутахассисони комиссияи интихоботӣ ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ва Бунёди байналмилалии низоми интихоботҳо қарор гирифт.

Раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон афзуд, дар саросари кишвар 3 ҳазор ҳавзаи раъйдиҳӣ ташкил хоҳад шуд ва корхонаи "Фаннон" барои сохтани ин миқдори қуттиҳои раъйгирӣ 600 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Оқои Додоҷонов гуфт, ин маблағ дар муқоиса бо масрафоти фармоиш ва овардани чунин қуттиҳо аз хориҷи кишвар хеле ночиз аст, вале бо ин вуҷуд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тавони пардохти онро надорад. Аз ин хотир комиссия хостори кӯмаки созмонҳои хориҷӣ дар ин замина шудааст. Тоҷикистон то кунун дар маъракаҳои интихоботии хеш қуттиҳои раъйгирии шаффоф истифода накардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG