Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи нави коргардони тоҷик Фаррухи Қосим


Коргардони тоҷик Фаррухи Қосим ба Ҷоизаи Бунёди байнулмилалии шоҳзодаи Ҳолланд Клаус ноил гардид.
Дар изҳороти ин бунёд, ки ба беҳтарин эҷодкорони сартосари дунё барои дастовардҳои вижа ҷоиза медиҳад, гуфта мешавад, ки Фаррухи Қосим дар эҷодиёти худ қолибҳоро шикаста, мактаби махсуси театрӣ ба вуҷуд овард, ки фарҳанги имрӯзаи тоҷикро бо решаҳои суннатияш пайванд дод.
Фаррухи Қосим, фарзанди яке аз поягузорони театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ва ҳунарпешаи машҳур Мушаррафа Қосимова, бо таҳияи намоишҳои "Юсуфи гумгашта", "Рустам ва Исфандиёр" ва ғайра дар саҳнаи Театри "Аҳорун" сабки нави театри тоҷикро ба вуҷуд овард, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон баҳои баланд гирифт.
Дар авҷи фаъолиятҳои эҷодии худ Фаррух ба сактаи мағз ва бемории фалаҷ рӯбарӯ гардид ва ҳоло ба табобат ниёз дорад.
Ҷоизаи шоҳзодаи Ҳолланд аз маблағе наздик ба 30 ҳазор доллар иборат аст.
XS
SM
MD
LG