Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон пешниҳоди 25 миллион долларро рад кард


Як ширкати Русия бо номи "Роспромтехнология" ба Тоҷикистон пешниҳод кард, дар баҳои ҷуброни зарари шаҳрвандони Тоҷикистон ва озодии раиси ширкати "Ҷамол" Ҷамшед Сиёев саҳмияҳои худро ба маблағи 25 миллион доллар дар ихтиёри Додгоҳи олии Тоҷикистон мегузорад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тафтиш нишон дод, ки саҳмияҳои чунин ширкат дар бозори бурси Русия ҳеҷ гоҳ ба фурӯш набаромадаанд ва мавҷудияти қонунии ин ширкат шубҳанок аст. Ба ин сабаб тарафи Тоҷикистон пешниҳодро рад намуд.
Ширкати муҳрафурӯшии "Ҷамол" дар соли 2003 бо иттиҳоми сохтани пирамидаи молӣ, фаъолияти ғайриқонунии банкӣ, напардохтани молиёт ва шуғл бо қаллобӣ баста шуда, раҳбарони онро ба муҳлатҳои аз 6 то 9 сол ба зиндон маҳкум гаштанд.
Ин ширкат то ҳанӯз пули 26 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро баробар ба 23 миллион доллар барнагардонидааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG