Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси маркази дидбонии кӯли Сарез


Бахши Тоҷикии РО

Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва олимони Фарҳангистони улуми кишвар аз поёни марҳилаи аввали кор дар коҳиши хатари кӯли Сарез хабар доданд.
Мудири ифтихории Пажӯҳишгоҳи зилзилсанҷӣ, академик Собит Неъматуллоев хабар дод, ки дар соҳили Сарез таҷҳизоти мушоҳида ва огаҳӣ аз вазъи кӯл насб шуда, дар ин ҷо як маркази назорат ва иттилоъ таъсис ёфт. Ин таҷҳизот якуним милён доллар буда, тӯҳфаи ҳукуматҳои Швейтсария ва Ҷопон мебошад.
Кӯли Сарез дар соли 1911, дар натиҷаи заминҷунбӣ ва фурӯафтии кӯҳпорае ба вуҷуд омад, ки роҳи рӯдхонаи Мурғобро баст. Рахна дидани сарбанди табии он ба ҳаёти панҷ милён нафар дар Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG