Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши "Dnes" доир ба сафари Раҳмонов ба Чехия


Рӯзномаи асосии Ҷумҳурии Чех, "Млада Фронта Днес", дар шумораи рӯзи шанбеи худ бо нашри акс аз дастфишорӣ ва лабханди президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Чехия Ватслав Клаус, гузоришеро дар бораи мулоқоти сарони ду кишвар нашр намуд. Чанде пеш, менависад "Млада Фронта Днес", вақте ки президенти Чехия Ватслав Клаус ба Осиёи Марказӣ сафар дошт, боздид аз Тоҷикистонро фаромӯш кард ва азбаски вай наметавонист, аз нав панҷ ҳазор километрро паси сар гузошта ба ин минтақа равад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов худ ба Прага омад, то бо Клаус сӯҳбат кунад. Ин далели он аст, ки қашшоқтарин кишвари минтақа, ки дар солҳои навадум гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ буд, мехоҳад, бо Аврупо робита дошта бошад. Аммо президент Клаус, менависад рӯзнома, тасмим гирифтааст, бо чунин мулоқот ва баъд аз боздидҳояш аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон, доғҳои сафедро дар харитаи Осиёи Марказӣ пур кунад ва Чехияро ба кишваре табдил диҳад, ки дар миёни ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо беҳтарин равобитро бо ин минтақа дошта бошад.

Таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон дар худи Иттиҳоди Аврупо низ эҳсос мешавад. Чунончи, Раҳмонов аз Прага ба Брюссел меравад, то созишномаи асосии миёни кишвараш ва Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонад. Рӯзномаи "Млада Фронта Днес" тиҷорат ва бозорёбиро заминаи асосии таваҷҷӯҳи Ҷумҳурии Чех ба Осиёи Марказӣ номида, дар мисоли Тоҷикистон, раҳкушоии Прагаро ба Афғонистон муҳим шумурдааст. Ва аммо далели ини нуктаро аз забони президенти Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов овардааст. Ба ин шакл, ки чехҳо дар бозсохти корхонаи семент ва ё соруҷ сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ мекунанд, сипас, ду ҷониб Афғонистонро бо ин масолеҳи муҳими бинокорӣ таъмин хоҳанд кард.

Дар поёни мақола, рӯзномаи "Млада Фронта Днес" аз он ёд мекунад, ки президенти собиқи Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел аслан намехост бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорие дошта бошад. Вай навишта буд, ки ин кишварҳо раҳбарони диктатор доранд ва дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон шадидан поймол мешаванд.
Клаус низ, менависад рӯзнома, ба ин ақида шарик аст, аммо мегӯяд, нишон додани бартариҳои низоми демократӣ ягона роҳи мумкини мусоидат ба беҳбуд дар ин мамолик аст.
Салими Аюбзод аз шаҳри Прага
XS
SM
MD
LG