Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони тоҷикии ҳарбӣ


Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазири дифои ин кишвар ду фармони қаблан интишор намудаи худ дар мавриди истифодаи забони русӣ дар коргузории вазоратро лағв кардааст. Полковник Сафар Маҳмудов, сардори раёсати умури тарбиявии вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласаи ахири ҳукумат татбиқи забони тоҷикӣ дар кулли муассисот ва аз ҷумла вазорати дифоъро ғайримақбул дониста, супориш додаст, ки оҷилан ҳалли ин мушкилотро пайдо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар заминаи ин супориши раиси ҷумҳур вазорати дифоъ бо шумори сарварони раёсату шӯъбаҳо як комиссияи вижае ба хотири татбиқ кардани забони тоҷикӣ дар коргузорӣ ва муомилоти расмии ин вазоратро созмон додааст.

Вале ба эътиқоди Сафар Маҳмудов, ки ҳамзамон муовини раиси ин комиссия таъйин шудааст, дар коргузорӣ ва вожаҳои низомӣ ба якборагӣ истифода кардани забони тоҷикӣ феълан номумкин аст: "Дар аксари бахшҳои вазорати мудофиа ҳоли ҳозир ба забони тоҷикӣ гузаштан мушкилӣ дорад. Ба он хотир, ки масалан мо дар қӯшунҳои ҳавоӣ, зиддиҳавоӣ ва хушкигард қисмҳои техникии чархболҳо, зиреҳпӯшҳо, ракетаҳо ва силоҳҳоро дарс мегузарем, ки онҳо номҳои англисӣ ё русӣ доранд ва ҳар яки онҳоро ба забони тоҷикӣ гардонидан, мушкил аст. Зеро афсарони вазорати дифоъ на ба забон, балки ба ҳифзи марзу бум сару кор доранд."

Оқои Маҳмудов ҳамчунин афзуд, бо дарназардошти чунин як мушкили татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ дар вазорати дифоъ бояд мутахассисони Пажӯҳишгоҳи забон луғати вижаи истилоҳоти техникӣ ва низомиро ба тасвиб расонанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, вазорати дифоъ дар ҳоли ҳозир имконоти ба пуррагӣ ва дар пояи зарурӣ тарҷума кардани истилоҳоти соҳаро надорад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси фармони ахири Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, масъулон ва мақомоти марбутаи ин вазорат муваззафанд, дар муддати то 1 январи соли 2005 ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои расмиро бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ таҳия ва ба раёсату шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ ирсол намуда, роҳбарияти қисмҳои низомӣ дар мавриди истифодаи саҳеҳи ҳуҷҷатҳо бо забони давлатӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Ба эътиқоди Сафар Маҳмудов, сардори раёсати умури тарбиявии вазорати мазкур, комиссияи татбиқи Қонуни забон дар Артиши миллии ин кишварро аз 11 октябр шурӯъ намуда ва забони тоҷикӣ аз ибтидои соли 2005 дар коргузорӣ ва муомилоти расмии вазорати дифоъ бетаъхир мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG