Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми бесобиқаи додгоҳи Хатлон


Додгоҳи вилояти Хатлон баҳси додгоҳии миёни рӯзномаи «Вечерний Душанбе», як нашрияи мустақили русзабони Тоҷикистон ва додгоҳи шаҳри Душанберо бар манфиати Намоз Амиров, муовини раиси ин додгоҳ анҷом дод. Ба гуфтаи Намоз Амиров, даъвогари ин баҳси додгоҳӣ, бар асоси ҳукми додгоҳ рӯзномаи «Вечерний Душанбе» ва ҳам ҷавобгар Солиҷон Ҷӯраев, муаллифи мақола бо ҳукми қонуниро соҳиб шудани қарори додгоҳ муваззафанд, зиёни моддӣ ва маънавии ӯро ҷуброн кунанд: "Рӯзномаи «Вечерний Душанбе» муваззаф аст, баъд аз ду ҳафтаи ҳукми қонунӣ гирифтани қарори суд дар газета аз ман бахшиш пурсида шавад, ё худ раддия чоп кунад. Дуюм аз ҳисоби рӯзномаи мазкур ва ҳам ҷавобгар Ҷӯраев, ки муаллифи мақола аст, бар манфиати ман бар ивази ҷуброни зарари маънавӣ 5 ҳазор сомонӣ руёнида шавад."

Аммо ин дар ҳолест, ки намояндагони рӯзномаи «Вечерний Душанбе, ҷавобгари ин баҳс аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ кардаанд. Сайдалӣ Сиддиқов, сардабири нашрияи «Вечерний Душанбе» мегӯяд, ба ин далел, ки ҳафтанома қабл аз қарори додгоҳ раддия ба нашр расонида буд, аз рӯи қарори додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи олии кишвар шикоят мебаранд: «Мо барои он розӣ нестем, ки то қарори суд баромадан дар саҳифаи газета аллакай раддия ба чоп расонидаем. Дуюмаш далелҳои, ки дар мақола оварда шудааст, ҳеҷ гоҳ таҳқири Амиров ва дар маҷмӯъ судя буда наметавонад. Дар мавриди баҳси ин мақола ду-се рӯз пеш қарори прокуратураи генералӣ ба тасвиб расид, ки дар ин мақола ягон беодобӣ содир нашудаст."

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Солиҷон Ҷӯраев адвокат ва ҳам ҷавобгари баҳси додгоҳии миёни нашрияи «Вечерний Душанбе» ва додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, ман борҳо аз истибдод, ё худ бедалел ҳукм кардани додгоҳҳои кишвар изҳори нигаронӣ доштам ва ахиран ба натиҷае расидам бо интишори чунин як мақола дар мавқеи худ истодагарӣ кунам.
Чанд моҳ қабл Намоз Амиров - муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе баъид аз нашри як мақола бо унвони «Ҳакамонро низ ҳакам аст» маллиф ва нашрияи «Вечерний Душнбе» - ро ба додгоҳ кашида ва тақозо карда буд, бо чопи раддия ва пардохти 300 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ ва маънавии ӯро ҷуброн кунанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG