Пайвандҳои дастрасӣ

Дарди Афғонистон - дарди Тоҷикистон, ҷасорати президент Раҳмонов, ваъдаи Мирзоалӣ Болтуев, сирри марги Пӯлод Толис


Ҳумойуни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе

«Садои Мардум» ва «Минбари Халқ» - нашрияҳои Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократӣ матни пурраи мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмонов бо рӯзномаи «Егемен Қазоқистон»-ро чоп кардаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди вазъи Афғонистон гуфтааст, бесуботӣ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон хавф эҷод мекунад. Бӯҳрон дар Афғонистон - сарчашмаи тавлиди маводи мухаддир ва терроризми байналмилалӣ аст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмонов - истеҳсоли мухаддирот дар Афғонистон пас аз сарнагунсозии низоми Толибон сеюним баробар афзудааст.

Дар шароити ҳозира, Тоҷикистон имкони бо нерӯи худ ҳифз намудани сарҳад бо Афғонистонро надорад ва мӯҳтоҷ ба ёрӣ мебошад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмонов. Дар посух ба суоли дигаре оид ба муносиботи Тоҷикистону Русия, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо қадрдонӣ аз мақом ва нақши Русия дар масоили марбут ба амнияти минтақа гуфтааст, ҳифозати сарҳад бо қувваи марзбонони худӣ яке аз рукнҳои истиқлоли давлат мебошад. Имрӯз ҳудуди се ҳазор километр сарҳади давлатии Тоҷикистонро аз маҷмӯъи беш аз 4.000 километр марзбонони тоҷик ҳифз мекунанд. Ва ҳамчунин зиёда аз 80 дар сади аскарону афсарони нерӯҳои марзбонии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмонов дар мусоҳибаи вижа бо журналисти қазоқ.

«Азия-Плюс» таманниёти хонандагони худро ба президент ба муносибати зодрӯзаш нашр кардааст. Масрури Асрор ном журналист навиштааст: «Барои президент Раҳмонов ҷасорат хоҳонам, то барои журналистони ватанӣ нишасти матбуотӣ баргузор бикунад.»
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар иртибот ба мавқуф афтодани сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бо сафири Русия дар Душанбе, Максим Пешков мусоҳиба оростааст. Сафири рус гуфтааст, посух ба ин суол ваколати ӯ нест ва таърихи чоруми октябр танҳо яке аз вариантҳои имконпазир пешбинӣ шуда буд. Сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар таърихи рӯзҳои 16-18 октябр ба вуқӯъ хоҳад пайваст, гуфтааст Максим Пешков. Ба гуфти сафири рус, дар ҷараёни сафари Путин қарор аст, созишномаҳои тарафайн дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русия, ба ихтиоёри марзбонони тоҷик вогузоштани сарҳади давлатии Тоҷикистон, моликияти Русия эълом доштани пойгоҳи электронӣ-оптикии Норак, тартиби бахшидани қарзи Тоҷикистон назди Русия ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ба тасвиб расад.

Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи марказии интихобот дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» гуфтааст, агар аҳзоби сиёсӣ имкони пешниҳоди рӯйхати намояндагони худ ба комиссияҳои интихоботии ҳамаи ҳавзаҳоро дошта бошанд, онҳо ба ин комиссияҳо шомил хоҳанд шуд. Мирзоалӣ Болтуев ҳамчунин гуфтааст, шахсан аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ дидан хоҳад кард ва аз аъзои комиссияи интихоботӣ қавл хоҳад гирифт, ки ба ягон қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Ҷаноби Болтуев гуфтааст, ба ӯ ширкати навад дарсади интихобкунандагон дар раъйпурсӣ лозим нест ва ин меъёр нақшаи давлатӣ намебошад, ки бояд бо ҳар роҳ иҷро кард.

«Азия-Плюс» ҳамчунин дар матлабе сирри марги Пӯлод Толис - аз нависандагони боистеъдод, вале ҷавонмарги тоҷикро тадқиқ кардааст. Пӯлод Толис сентябри соли 1961 дар 32-солагӣ худкушӣ намуда буд. Дӯстон ва наздикони ӯ сабаби худкушии нависандаи моҳирро бо якчанд ҳодисаи солҳои ахири ҳаёти ӯ пайваст донистаанд. Як сафари Пӯлод Толис ба Австрия, ки онҷо ҳайъати Шӯравиро бо сангборон ва таҳқир пешвоз гирифта будаанд ва сафари дигар ба дашти Дилварзин дар ноҳияи Мастчоҳ ва дидани ҳаёти сангини сокинони онҷо, марги атфол аз гуруснагӣ ва он ки ӯ қудрати интишори ҳақиқатро надорад, боиси ранҷурии шадиди равонӣ ва дар натиҷа худкушии ӯ будааст.
XS
SM
MD
LG