Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошиқони Корхонаи арзизи Тоҷикистон


Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Ду ширкати умдаи тавлидкунандаи алюминиуми Русия "РусАл" ва "СуАл" эълом доштаанд, ки саҳмияҳои Корхонаи арзизи Тоҷикистонро харидорӣ хоҳанд кард. Эдуард Россел - волии вилояти Екатеринбург, ки корхонаи "СуАл"- и Русия бо тавлиди солонаи як миллион тонна алюминиумро зери назорат дорад, зимни сафарҳои худ ба Тоҷикистон ба такрор эълом кардааст, ки дар сурати ба фурӯш гузоштани ин корхона аз ҷумлаи харидорони асосии он хоҳад буд: "Мо ба алюминии тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд дорем, Корхонаи мо "СуАл" яъне ширкати алюминтавлидкунии Урали марказӣ иқтидори тавлидотии бештар аз миллион тонна маҳсулоти аввалияи алюмин дар як солро дорад Дар ҳамин маврид бартарии корхонаи мо аз он иборат аст, ки соҳиби ашёи хоми тавлиди алюмин, яъне боксит ҳастем. Дар Ҷумҳурии Коми як манбаи ин ашё хомро кашф карда ва мавриди истифода қарор додаем, ки захираи он барои 200 соли оянда кофӣ аст."

Ба гуфтаи оқои Россел, Корхонаи арзизи Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, имконоти тавлиди ду баробар бештар аз истеҳсоли кунуниашро дорад. Вай гуфт, агар қисмати умдаи саҳмияҳои ин корхонаи азими саноатӣ дар пайи фурӯш ба ихтиёри онҳо гузошта шавад, ҳаҷми тавлидоти он солона ба панҷсад ҳазор тонна хоҳад расид. Эдуард Россел, ки ширкати зери назораташро яке аз бонуфузтарин фурӯшандагони арзиз дар бозори ҷаҳонӣ унвон кард, Олег Дерипаска ва ширкати "РусАл"- и ӯро аз рақиби эҳтимоли худ барои соҳиб шудан ба Корхонаи арзизи Тоҷикистон медонад. Вале оқои Россел, бо ишора ба тавонмандии ширкати "СуАл" маҳдуд будани иқтидори тавлидотии ширкати Олег Дерипаскаро дар мавриди ба даст овардани саҳмияҳои асосии Корхонаи арзизи тоҷик нокифоя хонд.

Корхонаи арзизи Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир солона ба миқдори 250 ҳазор тонна алюмин истеҳсол мекунад, яке аз сарчашмаҳои таъминкунандаи буҷаи ин кишвар дониста мешавад. Ба назари коршиносон ба фурӯш гузоштани корхонаҷоте, назири Корхонаи арзиз, ки дорои аҳамияти стратегист, дар оянда бар манфиати ин кишвар нахоҳад буд. Аз сӯи дигар мегӯянд, коршиносон талоши ширкатҳои русӣ барои харидории Корхонаи алюминийи тоҷик умдатан бо ҳадафҳои сиёсӣ сурат мегирад.
Ба назари Мирзои Саттор - як коршиноси умури иқтисоди Тоҷикистон эҳтимоли аз сӯи ширкатҳои Русия харидорӣ шудани қисмати бештарини саҳмияҳои Корхонаи алюминиуми тоҷик феълан заминаи воқеӣ дорад Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир Русия мавқеи дигар кишварҳо дар мавриди даст ёфтан ба манбаҳои ашёи хоми Тоҷикистонро маҳдуд карданист: "Маълум аст, ки имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба алминий таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ва ин чизро русҳо аз мо бештару хубтар медонанд. Имрӯз Русия мехоҳад, ягона корхонаи бузурги Осиёи Марказӣ - Корхонаи арзизи тоҷикро ба манфиати худ истифода бурда, ба базаи ашёи хоми худ табдил диҳад. Мақсади асосиашон даст ёфтан ба манбаҳои ашёи хоми Осиёи Марказӣ аст."

Оқои Саттор ҳамчунин афзуд, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳеҷ яке аз ширкат ва ё корхонаҷоте тавони харидори корхонаҳои бузург ба мисли Корхонаи алюминиуми ин кишварро надорад. Ба эътиқоди ӯ, феълан бояд саҳмияҳои ин корхона ба як гурӯҳ сармоядорони дохилӣ фурӯхта шавад Зеро ба гуфтаи оқои Саттор, пас аз гузашти чанд сол кишвари бегона манфиатҳои Тоҷикистон дар ин корхонаро сарфи назар хоҳад кард.
Талоши ширкатҳои Русия ҷиҳати ба даст овардани назорати корхонаи арзиз дар ҳоле ҷараён дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба сифати соҳибмулк баҳои ин корхонаро мушаххас накардааст. Ба гуфтаи бархе аз масъулини Кумитаи назорати амволи давлатии Тоҷикистон, арзиши ибтидоии ин корхона дар музояда ҳудуди як миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

Аммо ба гуфтаи Иқболшо Салимов - муовини аввали раиси Кумитаи назорати амволи давлати Тоҷикистон ин рақам ниҳоӣ нест ва вобаста ба тақозои бозор он тағйир хоҳад ёфт: "Инро гуфта наметавонем, мо нархро худи бозор муайян мекунад. Ҳозир мо гӯем як миллиард, пагоҳ чӣ мешавад, маълум нест. Музояда мешавад, ин корхона дар музояда ё тендер фурӯхта мешавад, агар дар оянда баргузор шавад." Ин дар ҳолест, ки бар асоси як барномаи вижаи хусусигардонӣ ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар ду соли минбаъда ҳама корхонаҷоти азими ин кишварро бо шумори корхонаи арзизи тоҷик ғайридавлатӣ гардонад. Иқболшо Салимов - муовини Кумитаи назорати амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, феълан барномаи стратегии хусусигардонии корхонаҳо бо шумори корхонаҳои азим бар асоси нақшаи пебинишуда идома дорад ва дар сурати ба фурӯш гузоштан саҳмияҳои сармоягузорон имкони харидани саҳмияҳои Корхонаи арзизи тоҷикро пайдо мекунанд.
XS
SM
MD
LG