Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳот дар низоми додгоҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ


Мушкилоти ислоҳоти низоми қазоӣ ва мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни як ҳамоиши байналмилали рӯзи ҷумъа дар Душанбе баррасӣ шуд. Салимбой Фатҳуллоев - раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш омӯзиш ва табодули таҷриба миёни кормандони додгустариҳои кишварҳои минтақа ба манзури мутобиқсозии қавонини ин кишварҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Вай афзуд, низоми қазоӣ дар Тоҷикистон ба тадриҷ рӯ ба инкишоф оварда ва бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мешавад: "Ислоҳоти судӣ бо суръат пеш меравад. Барои мисол Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гражданӣ, Кодекси меҳнат, Кодекси никоҳ ва оила ҳамагӣ қабул шудаанд, ки барои пешрафт ва ислоҳоти судӣ бетафовут намебошанд."

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар пайи ду навбати ислоҳоти Қонуни асосии кишвар яке дар соли 1999 бо дархост ва пешниҳоди собиқ Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон ва дуввумӣ дар тобистони соли гузашта, мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ ба ҳайси як шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таҳким ёфт. Вай ба гунаи мисол аз таъсиси Шӯрои адлия ба сифати нозири фаъолияти додгустарҳо ва аз панҷ то даҳсол тамдид кардани мӯҳлати ваколати додрасҳоро ёдовар шуд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз иштирокдорони ин нишаст бо ишора ба камӣ ва нокифоиятии музди моҳонаи додгустарҳо гуфтанд, ки дар сурати боло набурдани маош аз мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ дар кишвар наметавон сухан кард. Вале Ҷӯрахон Кабиров - раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба ин назарҳо мухолифат варзид. Вай гуфт, музди маоши додгустарҳо дар Тоҷикистон аз музди миёнаи дигар табақаи ҷомеа, ки аз ҳисоби бюҷет пардохта мешавад, бештар аст.

Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, ислоҳоти низоми қазоӣ дар Тоҷикистон ба анҷом нарасидааст ва як ҳайъати коршиносони масоили ҳуқуқӣ бо ширкати устодони донишгоҳи давлатӣ намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳур, вазоратҳои марбута тарҳи ҷадиди Кодекси мурофиавии ҷиноии Тоҷикистонро таҳия доранд. Як нуктаи баҳсбарангезе, ки дар ҷараёни таҳияи ин кодекс пеш омадааст, аз ихтиёри додситонӣ ба додгоҳ вогузор кардани ҳаққи судури санксия ва ё иҷоза барои боздошт, бозҷӯӣ ва ё ҳабс мебошад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG