Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори президент Раҳмонов бо Васлав Клаус


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки бо як сафари шашрӯза вориди Аврупо шудааст, рӯзи ҷумъа пас аз мулоқот бо президенти Ҷумҳурии Чех ба муборизаи густурда ба зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва таъмини амният дар ин кишвар даъват кард. Дар ҷараёни мулоқоти раҳбари Тоҷикистону Ҷумҳурии Чех Эмомалӣ Раҳмонов ва Васлав Клаус равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Баъди дидори раҳбари ду кишвар ҳайъатҳо се санади ҳамкорӣ имзо карданд, аз ҷумла дар бори додани қарз ба Тоҷикистон, тафоҳумнома дар бораи ҳамкориҳо дар бахши энергетика. Тибқи яке аз ин санадҳо Бонки содиротии Чех розӣ аст, ки 8,5 миллион доллар қарз дар ихтиёри Корхонаи сементи шаҳри Душанбе гузорад. Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора дар нишасти хабарӣ чунин гуфт: "Санади аввале, ки дар ҳузури раиси ҷумҳур имзо шуд, як тарҳи иқтисодист, яъне таҷдиди Корхонаи тавлиди сементи Душанбе бо таҷҳизоти муосир бо кӯмаки молии Ҷумҳурии Чех. Бонки содиротии Ҷумҳурии Чех 8,5 миллион доллар дар ихтиёри ин корхона мегузорад, ки натиҷаи мулоқотҳои мо дар ин чанд соли ахир мебошад.»

Ҷониби Чехия ҳамчунин омода аст, бо Русияву Эрон дар ташкили Консорсиуми сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон саҳм бигирад. Дар ҷараёни боздидии кунунии Эмомалӣ Раҳмонов аз Ҷумҳурии Чех дар ин бора санаде имзо нашудааст, вале Васлав Клаус дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ҳамкориҳои мо дар се самт ҷараён хоҳад гирифт. Аввал, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, дуввум нерӯгоҳи Роғун, ки як барномаи бузурги чандмиллиондоллариро дар бар мегирад. Ва севвум сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон. "

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Афғонистон изҳори назар карданд. Аз ҷумла президент Раҳмонов хатари афзоиши қочоқу интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои аврупоиро ба хатари терроризми байналмилалӣ дар як поя гузошт ва маҳофили байналмилалӣ хост, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кунанд. Боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Чех то 11-уми октябр идома меёбад, дар идомаи силсилабоздидҳо президент Раҳмонов ва ҳайъати ҳамроҳонаш аз Люксембург ва Белжик боздид хоҳад кард, бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо созишномаи ҳамкории миёни созмон ва Тоҷикистонро имзо хоҳад кард.
Нурмуҳаммади Холзода аз шаҳри Прага
XS
SM
MD
LG