Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмонов дар Аврупо


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баъд аз зӯҳри панҷшанбе Душанберо ба қасди Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех тарк кардааст. Сафари расмии серӯзаи оқои Раҳмонов ба Чехия силсиласафари у ба кишварҳои Аврупоро оғоз мекунад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмонов дар Прага бо ҳамтои чехи худ Васлав Клаус масоили марбут ба рушди равобит ва ҳамкории ду кишварро баррасӣ кунад. Имзои чанд созишнома байни Тоҷикистону Чехия дар ин замина низ дар назар гирифта шудааст. Дар дафтари матбуоти раисиҷумҳури Чехия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мулоқоти Раҳмонов ва Клаус ба рӯзи ҷумъа барномарезӣ шудааст. Дар пайи хатми сафари Ҷумҳурии Чех, сар аз 11 октябр Эмомалӣ Раҳмонов ба Люксемюбургу Белжик сафар хоҳад кард.

Бино ба маълумоте, ки ожонсии "Азия Плюс" аз дафтари Комиссияи Аврупо дар Душанбе дарёфт кардааст, дар Люксембург президент Раҳмонов якҷо бо вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба созишномаи ҳамкории Тоҷикистону созмони мазкур имзо хоҳанд кард. Тоҷикистон охирини кишвари шуравии собиқ аст, ки бо Иттиҳодияи Аврупо чунин созишнома имзо мекунад. Дар охирин марҳалаи сафараш президенти Тоҷикистон дар Брюссел бо раҳбарони як идда созмону муассисаҳои байналмилалӣ дидор ва мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG