Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии масъалаи таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Душанбе


Генерал Евгений Юрев, фармондеҳи артиши 5-уми нирӯҳои ҳавоии Русия дар Душанбе масъалаи мақоми дивизияи 201-уми артиши Русия мустақар дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Генерал Юнев гуфт, умедвор аст, ки ба ин дивизия дар хотимаи музокироти тулонии ду кишвар мақоми пойгоҳи доимии низомӣ дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи генерал, созишномаи ниҳоиро президенти Русия Владимир Путин зимни сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ имзо хоҳад кард. Евгений Юрев гуфт, пиромуни мақари ин пойгоҳ дар моҳи гузашта бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба тавофуқ расидаанд ва бояд дивизияи 201-ум аз ҳисоби нируҳои ҳавоӣ тақвият дода шавад.
XS
SM
MD
LG