Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - узви нави Интерпол


Тоҷикистон ба узвияти полиси байналмилал, ё худ Интерпол пазируфта шуд. Тибқи иттилоъи вазорати умури дохила, ба ҷонибдории узвияти Тоҷикистон намояндагони 100 кишвари узви ин созмон овоз доданд. Узви Интерпол шудани Тоҷикистонро коршиносони тоҷик фоли нек арзёбӣ карданд.

Аммо бархеи онҳо бар ин назаранд, ки ҳукумати феълӣ набояд аз ин имконият сӯистифода барад. Толибшоҳ Саидов, собиқ раиси минтақавии Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар Хатлон роҷеъ ба ин мавзӯъ мегӯяд: "Нигаронии мо аз он аст, ки нашавад, ки ворид шудани Тоҷикистонро ба ин созмони бонуфуз ҳукуматдорон ба хотири ғаразҳои сиёсии худ сӯистифода кунанд ва шахсиятҳое, ки берун аз ҷумҳурӣ ҳастанд, онҳоро муттаҳам карда, тавассути Интерпол ба Тоҷикистон оварда, ба дасти суд диҳанд.»
Ва аммо Сафватулло Сафаров-журналисти мустақили тоҷик бар назар аст, ки узви Интерпол шудани Тоҷикистон фоли нек аст ва дар оянда кормандони вазоратҳои қудратии кишвар метавонанд, бо имконоти ба миён омада, аз мактаби полиси байналмилал сабақ гиранд.

Полковники вазорати умури дохила ва мудири кафедраи Академияи Олии Милисаи Тоҷикистон Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, Интерпол як созмонест, ки дар он беш аз 180 мамлакат дар дастаҷамъӣ бо наркобизнес, одамрабоӣ, фурӯши одамон ва дигар анвоъи ҷиноёти сангин мубориза мебаранд ва аз шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмони байналмилали полис на танхо ин кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бурд мекунад.
Саёфи Мизроб аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG