Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Зиндагӣ-и Хуршед сӯхт, отаҳову дадаҳо ва ба масҷид нарафтани занон


Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» зери унвони навиштае бо номи «Тоҷикзгаз, ё бинии шикастаи Ломоносови мо» мушкилоти ношӣ аз маҳалгароӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллифи ин матлаб бо изҳори таассуф аз вуҷуди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон навиштааст, ки мо лоиқи эҳтирому эътирофи ҳамдигарем. Аммо чӣ кунем, ки ҷуғрофиё ва ҳатто топографияи ҷумҳуриамон чунон аст, ки ба маҳалгаро будани мо мутаассифона мусоидат менамояд. Муаллиф як сабаби аслии чунин вазъро ба он марбут донистааст, ки дар гузашта тоҷики сардор аз поён то ба боло фақат дар фикри ба курсии болотар гузаштан ва ё дар ҳамин курсӣ то нафақа "ширеш" шуда мондан дошту халос. Аз сӯи дигар дар матлаб омадааст, то замоне, ки иқтисоди мо заиф асту роҳҳо байни нукоти мухталифи кишвар баста, суолоти аз қабили «Ту аз куҷоӣ» «Аз кадом маҳалӣ», «Дадатон ким» ва ё "Отат кияй" боқӣ мемонанд.

Муаллиф нигоштааст, ки оё русҳо бо Циолковский фахрида намегӯянд, ки ӯ калугагӣ, Ломоносов зодаи Архангелск ва Есенин рязанист. Онҳо бо ҳазорҳо шаҳрванди русу ғайрируси бузурги худ мефахранд, вале мо имрӯз ба хотири таммалуқ Раҳматулло Зойирови андешаи ғайр доштаро бо ишораи бегонагӣ зодаи Узбакистон меномем. Мо дар доиратулмаорифи худ коргардони намоёни кино Комил Ёрматови конибодомиро актёри шуравӣ навиштаем, дар ҳоле, ки дар энсиклопедияи Узбакистон нашри соли 1993 миллаташро тоҷик номидааанд.

«Нерӯи Сухан» сармақолаи ин шумораи худро «Зиндагии Хуршед сӯхт» номгузорӣ намуда, ин суолро матраҳ кардааст, ки ба чӣ далел имрӯз дар чопхонаҳои давлативу хусусии ҳафтаномаҳои мустақилу ҳизбиро ба нашр намерасонанд. Ба навиштаи «Нерӯи Сухан» додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, чопи ин нашрияҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ манъ нашудааст. Дар дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ба ин мавзӯъ ишора намуда, иброз медоранд, ки фаъолияти нашрияҳоро касе бознадоштааст, аммо афзудааст нашрия, чаро матбааҳо аз чопи ҳафтаномаҳо худдорӣ менамоянд. Магар ягон шабаҳе дар Тоҷикистон гаштугузор дорад, ки монеъи нашри ҳафтаномаҳо мегардад. «Нерӯи Сухан" натиҷагирӣ намуда, афзудааст, вақти он расидааст, ки мо рӯи рост асли воқеаро бигӯему мӯйро аз хамир ҷудо созем.

"Ба масҷид нарафтани занон беҳтар аст" - ин унвони мақолаест, ки нашрияи "Ҷумҳурият" дар ин шуморааш ба табъ расонидааст. Муаллифи мақолаи мазкур Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода - сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд тасмими ахири Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мабнӣ бар макрӯҳ будани ҳузури занон дар намози ҷумъаро аз лиҳози шаръӣ дуруст ҳисобида нигоштааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ рафтору одоби занону духтарони имрӯз аз рафтори занони замони модарамон Оиша беҳтар нест. Чаро мо эҳтиёт накунем? Имрӯз, ки замина барои эҷоди фисқу фуҷур хеле бисёр аст, моро хеле парҳез мебояд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин афзудааст, сархатиби масҷиди шаҳри Хуҷанд бигузор занон дар алоҳидагӣ байни ҳам гуфтӯгую муколама доир кунанд, китоб хонанд, аммо аз рафтан ба масҷид ва аз паси мардон намоз гузоридан иҷтиноб кунанд.
XS
SM
MD
LG