Пайвандҳои дастрасӣ

АКН дар Қазоқистон чӣ меҷӯяд?


Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон як ниҳоди муштараки ҳукумати ин кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид нахустин намояндагии худро дар Қазоқистон таъсис додааст.
Бобоҷони Шафеъ - корманди дафтари матбуоти оҷонсии мазкур гуфт, ин нахустин намояндагии оҷонсӣ хориҷ аз кишвар мебошад, ки дар пайи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Оқои Шафиев дар иртибот ба аҳдофи таъсиси ин намояндагӣ ва вазоифи он дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ҳадаф ин ҳамоҳангии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи нашъаовар аз тариқи қаламрав ва марзҳои кишварҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо мебошад. Тоҷикистон ва Қазоқистон аз кишварҳои интиқолдиҳандаи маводи мухаддар ҳисоб мешаванд. Ва ҷониби Тоҷикистон алоқамандии бештаре дорад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи мухаддир. Ва аввалин намояндагии расмии хориҷии агентӣ дар Қазоқистон ифтитоҳ гардид."

Бобоҷони Шафеъ афзуд, яке дигар аз аҳдофи таъсиси намояндагии мазкур дар Қазоқистон ташкили амалиёти муштараки ниҳодҳои муборизакунандаи ҳарду кишвари Тоҷикистону Қазоқистон, таҳия ва омӯзиши иттилоъоту ахбори дақиқ дар бораи афрод ва ё гурӯҳҳои қочоқчӣ ва ҳамчунин таъмини табодули саривақтии ахбори фаврӣ дар ин замина мебошад. Ҳамин манбаъ афзуд, таъсиси намояндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ барои оҷонсӣ пас аз тасдиқи низомномаи намояндагии хориҷии оҷонсӣ назорат бар маводи мухаддир аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон имконпазир шудааст. Ва дар ҳоли ҳозир миёни ниҳодҳои масъули кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Ӯзбакистону Афғонистон асноди зарурӣ ҷиҳати таъсиси чунин намояндагиҳо омода шудааст.

Ба гуфтаи Бобоҷони Шафеъ, дар се шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ва дар Кобул пойтахти Афғонистон намояндагиҳои оҷонсӣ таъсис хоҳад ёфт. Вале феълан ду афсари умури алоқа ва иттилоъоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон дар Кобул ба сифати ҳамоҳангсоз фаъолият дорад. Хароҷоти намояндагии хориҷии оҷонсӣ аз ҳисоби маболиғи барои сиёсати хориҷӣ пешбиникардаи буҷаи солона таъмин хоҳад шуд. Ва масъулияти намояндаи хориҷии Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар Қазоқистон ба дӯши сарҳанг Ҳикмат Ғаниев гузошта шудааст, ки қаблан раҳбарии ситоди ин ниҳодро ба ӯҳда дошт.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG