Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним милён доллари "Фокус" барои роҳи Бартанг, саҳми муҳоҷир дар иқтисоди миллӣ ва озмуни беҳтарин матолиби иқтисодӣ


Нашрияи «Минбари Халқ» навиштааст, созмони байналмилалии «Фокус» бо ихтисоси 500 000 долллари амрикоӣ тасмим гирифтааст, дар бунёди роҳи мошингард дар минтақаи дурдасти водии Бартанги Бадахшон саҳм бигирад. Дар матлаб омадааст, деҳаи дуртарини ин минтақа Гурдара аз пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе - 700 километр, аз маркази ноҳияи Рӯшон - 170 километр ва аз маркази вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ 300 километр дур аст. Дар замони шуравӣ як роҳи танги мошингузари 70- километра бунёд шуда буд, ки он қисмати кӯчаки водии дурафтодаи Бартангро ба берун мепайваст.

Матлаби ёдшуда афзудааст, ки бо вуҷуди ин шурӯъ аз моҳи ноябр ва то моҳи май ҳамасола ин роҳ ба далели омадани тарма баста мегардад. Вале акнун «Фокус», як ниҳоди байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба ин мушкилот ҷиҳати тармими роҳи мушкилгузари мавҷуд ва бунёди боз 150 километр роҳи нав дар водии дурафтодаи Бартанг 500 000 доллар ихтисос додаст. Танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2000 сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан намудаанд, ки аксари онҳо аз Бритониёи Кабир, Олмон, Фаронса, Итолиёву Испониё ва Туркияву Юнон мебошанд. Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» зимни ин матлаб навиштааст, дар ҳоли ҳозир беш аз 50 барномаи ҷаҳонгардӣ дар мавриди Тоҷикистон муаррифӣ шуда, саҳифаи вижаи саёҳии ин кишвар дар Интернет роҳандозӣ шудааст. Ба навиштаи ҳафтавори «Ҷавонон» эҳёи манотиқи истироҳативу туристии Варзобу Ромит ва Балҷувон ба ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мактуби саркушодаи номзади илми тибб Обидҷон Каримовро унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Муаллиф дар ин нома масьулини Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгардро ба масрафи ғайримақсадноки маблағҳои барояш ҷудогашта гунаҳгор мекунад. Муаллиф нигоштааст, ки бо 4 800 000 доллар қарзи Бонки Рушди Исломӣ бояд дар Маркази ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди Тоҷикистон амали ҷарроҳии дил ба роҳ монда мешуд. Аммо ба ҷои ин, дар марказ ба ҷарроҳии ҷигару талха ва ба ҷарроҳиҳои пластикӣ машғуланд. Ин дар ҳолест, ки афзудааст муаллиф, беш аз 20 000 бемор дар ҷумҳурӣ ба табобати дил эҳтиёҷи сахт доранд ва теьдоди хеле ками онҳо қудрат доранд, бо пайдо намудани маблағи ҳангуфт барои анҷоми ҷаррроҳӣ ба шаҳрҳои Русия сафар намоянд. Муаллифи номаи саркушода хостори дахолати раисҷумҳур Эмомали Раҳмонов дар қазия шудааст.

Ҳафтаномаи «Азия Плюс» як саҳифаи пурраи худро ба мушкилоти мардикорони тоҷик дар хориҷ бахшида, навиштааст, чи гунае ҳам набошад, имрӯз мардикори оддиву фақири тоҷик аст, ки ба таври умда иқтисоди Тоҷикистони ба ном мустақилро сармоягузорӣ менамояд. Муаллифи мақолаи «Азия Плюс» барои исботи ин фикр нигоштааст, танҳо дар соли 2003-юми мелодӣ, мувофиқи омори расмии интишорёфта, муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ ба кишвар 256 миллион доллари амрикоӣ фиристодаанд ва ин дар ҳолест, ки тайи 10 соли охир тамоми ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мустақиман дар маҷмӯъ 280 миллион доллар сармоягузорӣ намудаанд. Ба таври дигар, навиштааст «Азия Плюс», суботи иқтисодиву сиёсии Тоҷикистони имруза рӯиҳамрафта марҳуни мардикорони оддиву ришнотарошидаи тоҷик аст, ки бо ҳама заҳмату мушкилоти рӯзафзун дур аз хонаводаву аз ёру дӯстон дар ғарибӣ ранҷ мебарад.

Ҳафтавори «Боҷу Хироҷ» дар саҳифаи аввали худ озмуни «Олими Иқтисодшиноси Сол»-ро эълом доштааст. Ҳафтавор ҳадаф аз ин озмунро дарёфти роҳҳои илмии бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодӣ ба хотири таъмини рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва ҳамчунин эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон унвон намудааст. Бино ба навиштаи «Боҷу Хироҷ», ғолибон ва муаллифони маводи беҳтарини иқтисодӣ охири сол муайян мегарданд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG