Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" дар роҳи қаҳрамоншавист


Марҳалаи сеюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирузии тими "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ба анҷом расид.Қаҳрамони секаратаи футболи ин кишвар дар бозии даври 27-уми мусобиқот дар майдони худ рақиби аслиаш - "Вахш"-и Қурғонтеппаро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дод.Воқеан дар ин бозӣ ҳамлагар Суҳроб Ҳамидов - беҳтарин нишонзани мусобиқот боз як гол зад ва шумораи умумии голҳои дар бозиҳои имсола задаашро ба 28 расонд.
Дар даври сипаришуда "Авиатор"-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар "Хуҷанд" бо ҳисоби 1 бар 0 пирузӣ ба даст овард. Дастаи БДА - Бозрасии давлатии автомобилии Душанбе низ дар майдони худ бар тими "Олимп-Ансол"-и Кӯлоб бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба кард. Бозии дастаҳои "Уротеппа" ва "Данғара", ки дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор шуд,бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.
Ба ин тартиб, баъди ҷамъбасти бозиҳои се давраи мусобиқот "Регар-ТадАЗ" бо 64 хол дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. "Вахш" бо 58 хол дар ҷойи дуюм аст. "Авиатор" бо 56 хол ҷойи сеюмро ишғол мекунад.
Ва акнун таваҷҷҷуҳи мухлисони футболи тоҷик ба бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон - 2004 ҷалб хоҳад шуд. Дар ин бозӣ, ки рузи сешанбе, 5 октябр дар Варзишгоҳи марказиии Душанбе баргузор мешавад, "Авиатор"-и Бобоҷон Ғафуров ва "Уротеппа"-и Истаравшан рақобат хоҳанд кард.
Ва боз як хабар барои ҳаводорони футболи тоҷик. Рузи душанбе, 4октябр дар варзишгохи "Спартак"-и пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи анъанавии дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотиравии Султон Мирзоев - собиқ ҳамлагари дастаи машҳури футболи "Помир" ва мураббии варзидаи тоҷик оғоз шуд.Тоҷиддин Тағоев -сардабири ин мусобика дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бозиҳо 8 дастаи наврасон аз шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Истаравшан ва навоҳии Рудакию Ҳисор дар ду гуруҳ рақобат доранд. Вай афзуд, ҷараёни бозиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки наврасони тоҷик ба футбол таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки рузи панҷшанбе, 7-уми октябр доир мешавад, муайян хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф аз шахри Душанбе
XS
SM
MD
LG