Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон мелангад


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат зимни баррасии масоили соҳаи илм фаъолияти Фарҳангистони Улуми ин кишварро мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Абдулфаттоҳ Шарипов, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, президент Раҳмонов дар ин ҷаласа изҳор доштааст, ки феълан дар кишвар соҳаи илм, дастовардҳои он ва амалисозии кашфиёти илмӣ дар истеҳсолот, равияҳои таҳқиқот ва ҳамоҳангсозии он аз талаби замони муосир қафо мондааст: "Натиҷабахшии корҳои илмии аспирантҳои Академияи Улум дар панҷ соли охир ба ҳисоби миёна 10 фоизро ташкил намуда, зиёда аз 90 дарсади хатмкунандагони аспирантураҳо номзадии худро ҳимоя карда наметавонанд. Таҳсил дар докторантура низ беҳбудӣ мехоҳад. Бар хилофи талаботи Қонуни забон ва қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ҳам коргузорӣ ва ҷаласаҳои раёсати Академияи Улуми Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бо забони ғайридавлатӣ ҷараён мегирад."

Оқои Шарипов ҳамчунин афзуд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъулони соҳаи илми кишварро муваззаф кардааст, бо дарназардошти ворид намудани дигаргунии ҷиддӣ ба сохтори Фарҳангистони Улуми кишвар дар мӯҳлати як моҳ тарҳи нави оинномаи фарҳангистонро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа пешниҳод шудааст, ки аз ин баъд роҳбарони муассисоти марбутаи Фарҳангистони Улум ва раиси он, инчунин мудирони бахшу факулта ва донишгоҳҳои олии кишварро ҳукумати Тоҷикистон таъйин намояд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳаким Маҳмудов - дабири кулли Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон мавҷуд будани камбудӣ дар коргузории академияро таъйид кард ва гуфт: "Албатта, на ҳамаи коргузорӣ сад дар сад ба забони давлатӣ сурат мегирад. Он ҷо панҷоҳ фисади коргузорӣ дар самтҳои илмҳои гуманитарӣ ба забони давлатӣ аст. Вале барои илмҳои дигаре, ки фаҳмишашон бисёр душвор аст, фанҳои техникиро дар назар дорам, зина ба зина гузашта истодаем."

Ба эътиқоди оқои Маҳмудов, барои ислоҳи иллати коргузориҳои забонӣ дар фарҳангистон зарур аст, мутахассисони бахшҳо забони давлатиро комилан балад шуда ва ба ин тартиб забони коргузориҳоро ба куллӣ тоҷикӣ кунанд. Вале ба гуфтаи ӯ, феълан ба якборагӣ дар Фарҳангистони Улум, ки бахшҳои мухталифи улуми гуманитарӣ ва техникиро фаро мегирад, ҷараён гирифтани коргузориҳо ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ ғайриимкон будааст. Ин дар ҳолест, ки забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон бештар аз 15 сол ба ин сӯ мақоми давлатиро соҳиб аст ва дар матбуоти даврии ин кишвар баҳсҳо дар мавриди татбиқи номукаммали Қонуни забон пайваста идома мекунад.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG