Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли писари Фаттоҳ Одинаев


Шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар шаҳри Маскав соҳибкори 32-солаи тоҷик Наврӯз Одинаев ва фарзанди оҳансози шинохта Фаттоҳ Одинаев ба қатл расид. Наврӯз Одинаев ҳадди аққал чор сол инҷониб дар пойтахти Русия ба тиҷорат машғул буд. Хешу ақрабои Наврӯз иттилоъ доданд, ки рӯзи 30 сентябр ӯ ба ҷашни зодрӯзи як зани соҳибкори тоҷикистонӣ даъват шуда буд ва дар ин маърака баҳсе ба вуқӯъ пайвастааст ва шояд Наврӯз дар ҳамин ҷо аз зарби корд ба ҳалокат расидааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомии Русия ба сафорат ваъда додаанд, ки қотили Наврӯз Одинаевро пайдо мекунанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд. Тибқи иттилоъи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират солона беш аз 630 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия сафар мекунанд. Аз ин миён ҳар сол то ҳафтсад муҳоҷири кории тоҷикистонӣ дар он кишвар ба ҳалокат мерасад ва аксари парвандаҳои ҷиноӣ кашфношуда боқӣ мемонанд.
Искандари Хоҷа Мирзода
XS
SM
MD
LG