Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони Хатлон заифанд


Нуриддин Қаршибоев - раиси Ассотсиатсияи васоити ахбори мустақили Тоҷикистон мегӯяд, хабарнигорони вилояти Хатлон феълан барои инъикоси дурусти масоили интихоботҳои қарибулвуқӯи кишвар омода нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ба хотири афзоиши дониши ҳуқуқӣ дар мавриди инъикоси воқеият аз ҷараёни интихоботҳо ва дар маҷмӯъ омодагии васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ ба ин маъракаҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи васоити мустақили ин кишвар хабарнигорони Хатлонро зимни як нишаст ба омӯзиш фаро гирифтааст: "Дар семинар на танҳо заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, балки аз таҷрибаҳои мамолики ғарб сӯҳбатҳо баргузор гашт. Мо коршиноси худ аз швейтсарӣ Андрей Лошро даъват кардем, то ки бо рӯзноманигорони тоҷикистонӣ дар бораи стратегияҳои расонаҳои хабарӣ дар маъракаҳои интихобот ва шароитҳо, ки барои амалӣ кардани ин иқдомҳо лозим аст, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ омода кунанд."

Оқои Қаршибоев ҳамчунин афзуд, феълан дар вилояти Хатлон вазъи озодии матбуот насбат ба дигар манотиқ, аз ҷумла Суғд ва Душанбе дар ҳоли нигаронкунанда қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар Хатлон нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон бештар эҳсос мешавад ва ин марбут ба он аст, ки васоити иттилоърасонии мустақил дар ин минтақаи Тоҷикистон фаъол нест ва ё хеле заиф ба назар мерасанд. Нуриддин Қаршибоев гуфт, хабарнигорони минтақа изҳор доштанд, ки дар Хатлон ҷараён гирифтани меъёрҳои озодии сухан ва дастрасӣ ба манбаъҳои хабар, инчунин фаъол будани васоити ахбори мустақил мушкилӣ дорад ва дар шароити феълӣ ғайриимкон ба назар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Толибшо Саидов, муассиси рӯзномаи «Бомдод» ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон омода набудани хабарнигорони минтақа дар мавриди интихоботҳоро рад накард. Вале ӯ мегӯяд, созмонҳои мустақили васоити ахбори оммаи кишвар муваззафанд, хабарнигоронро аз ҳуқуқу озодиҳои худ барои ширкат дар маъракаҳои сиёсии кишвар омӯзанд: "То ин ки журналистон роҳҳои пешбурди интихоботиро фаҳманд ва аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар интихобот ахбори дақиқ пахш карда тавонанд. Ҳамчунин онҳо дар мавриди қонунҳои интихобот дониши мукаммал дошта бошанд."
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG