Пайвандҳои дастрасӣ

Мувофиқаи созишномаҳои миёни Тоҷикистону Русия


Гурӯҳҳои кории ҳукумати Тоҷикистону Русия як идда санаду созишнома, аз ҷумла, созишнома доир ба вогузоштани ҳимояти марзи Тоҷикистону Афғонистон ба дӯши сарҳадбонони тоҷикро омода намудаанд. Қарор аст, ин санадҳо дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе дар таърихи 3 ва 4 октябр ба имзо бирасанд. Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон Нуралишо Назаров гуфт, дар робита ба ҳифзи марз се созишнома мувофиқа карда шуд, аз ҷумла доир ба ҳимояти марзи Тоҷикистону Афғонистон таввасути сарҳадбонони тоҷик, боқӣ мондани гуруҳи оперативии марзбонони рус дар Тоҷикистон ва созишнома оид ба ҳамкориҳои сарҳадбонони русу тоҷик.

Ба гуфтаи Нуралишо Назаров дар сурати ба имзо расидани созишномаи аввал, неруҳои сарҳадбонии Тоҷикистон метавонанд, то моҳи ноябр назорати қисмати хати марзи ин кишвар бо Афғонистонро, ки таввасути марзбонони рус нигаҳбонӣ мешавад, ба ӯҳдаи худ бигиранд ва қисматҳои боқимондаашро соли оянда. Нуралишо Назаров афзуд, доир ба шумораи аъзои гурӯҳи оперативии марзбонони рус, ки дар Тоҷикистон хоҳад монд, чизе маълум нест. Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо Афғонистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Чин қариб 4 200 километр марзи муштарак дорад ва назорати қариб се ҳазор километри он ба дӯши сарҳадбонони тоҷик аст. Соли гузашта посбонони тоҷик назорати 500 километри марзи кишвари худ бо Чин ва 73 километри сарҳади Афғонистонро, ки марзбонони рус посбонӣ мекарданд ба ихтиёри худ гирифтанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG