Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нотифоқии ҷомеъаҳои тоҷик дар Русия


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Дар ҳоле, ки каму беш наздик ба як миллион овораи тоҷик дар Русия дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд ва ба ҳангоми зурурат намедонад, доди худро ба кадом даргоҳ бигӯянд, ба дарозо кашидани ташкили иттиҳодияи иҷтимоии саросарии тоҷикон дар Русия мӯҷиби пурсиши зиёди бепосух гардидааст. Гурӯҳе бар онанд, ки сади аслӣ дар роҳи ба вуҷуд омадани иттиҳодияи саросарӣ мақомоти Тоҷикистон аст, ки намехоҳад дар берун аз кишвар як ниҳоди монанд ба ниҳоди оппозитсиюнӣ фаъол шавад. Дигаре дар ин росто мушкилро ба ҳам мувофиқ наомадани дидгоҳҳои руасои итиҳодияҳои иҷтимоии минтақаӣ медонанд ва бархе адами як фарди саршиноси миллӣ, ки масъулияти пешбурди сарнавишти як миллион муҳоҷирро ба дӯш бигирад.

Бино ба итиллоъи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин кишвар ҳудудан 30 иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикон фаъол аст. Сухангӯи сафорати Тоҷикистон Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, бархе аз онҳо бо мақомоти минтақаӣ ҳамкориҳои хуб ба роҳ мондаанд, бо сафорат ҳам ҳамкорӣ доранд, вале ташкили диаспораи саросарӣ дар салоҳияти иттиҳодияҳост ва сафорат дар ин амр ба онҳо метавонад, мусоидат намояд: "Ҷамъиятҳои милливу иҷтимоии тоҷикон дар вилоятҳои Твер, Новосибирск, Самара, Волгоград, Ярославл, Тотористон ва чанде дигар минтақаҳои Русия фаъолона кор мебаранд. Зарурати таъсис ёфтани иттиҳоди ягонаи тоҷикони Русия ба миён омадааст. Дар асоси қонунҳои марбутаи Русия, ин ба шакли автономияи милливу фарҳангӣ, ё анҷуман метавонад бошад. Барои таъсиси автономияи милливу фарҳангӣ дар сатҳи федералӣ лозим аст, ки дар на камтар аз 50 фисади вилояту минтақаҳои Русия ташкилотҳои фарҳангиву ҷамъиятии тоҷикон таъсис ёбанд ва муттаҳид бишаванд. Азбаски ин ташкилот сирф ташкилоти ҷамъиятии Русия хоҳад буд, сафорати Тоҷикистон дар Маскав наметавонад, дар таъсиси он ширкат дошта бошад, аммо мо метавонем ва омода ҳастем, ки дар таъсиси иттиҳоди ягонаи тоҷикони Русия ва дар маҷмӯъ дар ин протсес мусоидат намоем."

Боғшои Лашкарбек - раиси ҷамъияти "Нур" яке аз иттиҳодияҳои иҷтимоии тоҷикони муқими Маскав мӯътақид аст, ки вуҷуди як ниҳоди коромади иҷтимоӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ниҳоят зарур аст, аммо ба далели ихтилофи назар миёни сарони иттиҳодияҳои минтақаӣ, эҷоди иттиҳодияи саросарӣ мушкил шуд, дар ҳоле, ки вазорати умури дохилаи Русия дар ин замина бо онҳо хостори ҳамкорӣ шудааст: "Аз вазорати умури дохилаи Русия моро даъват карда буданд ва хостанд, бо мо ҳамкорӣ кунанд. Гуфтанд шумо як созмони хуби мутамарказ ташкил бидиҳед ва мо ба шумо дар ҳалли мушкилотатон кӯмак хоҳем кард. Вале муттаасифона мо натавонистем, то имрӯз як созмони муттамарказ ташкил диҳем, аз хотире, ки ба ин кор бояд яке аз ашхоси хеле лаёқатманд ҷалб шавад ва ҳам вазни сиёсӣ дошта бошад, ҳам дар байни мардум ва ҳам дар назди ҳукумати Русия. Мушкил ин аст, ки ҳама кас ба номзадии як кас мувофиқат намекунанд."

Як панҷсола тӯл кашидани масъалаи ташкили иттиҳодияи саросарии тоҷикон дар Русия бархе аз гурӯҳҳои муҳоҷиронро ба ташкили иттиҳодияҳои касбӣ таҳрик кардааст. Ин матлабро ахиран тайи як нишаст дар як иҷтимоии густурдаи муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав аз номи духтурони муҳоҷир доктори тиб Зиёратшо Қодиров эълом кард. Вай гуфт, дар Русия беш аз 600 нафар пизишкони тоҷик кор мекунанд ва ба вуҷуд овардани иттиҳодияи табибон мӯҷиби гирдиҳамоии ҳамватанон дар заминаи касбӣ мешавад ва ҳамзамон барои расонидиани кӯмакҳои тиббӣ ба муҳоҷирони ниёзманд ҳамоҳангиҳои лозим ба вуҷуд меояд. Идеяи ташкили иттиҳодияи иҷтимоии муҳоҷирони Тоҷикистонро дар заминаи касбӣ рассоми муҳоҷири тоҷик Юрий Вайс низ қаблан пешниҳод карда буд. Ба гуфтаи вай, дар Русия теъдоди қобили таваҷҷӯҳи наққошони тоҷик ба сар мебаранд ва дар як иттиҳодия гирд овардани онҳо аз ниёзҳои рӯз аст.

Назари Муқим Майбалиев - раиси иттиҳодияи тоҷикони муқими вилояти Твер, 200 километрии Маскав ин аст, ки ҳадаф аз ташкили иттиҳодияи иҷтимоии саросарӣ расидагӣ ба ниёзҳои умдаи муҳоҷирон аст ва иттиҳодияҳои касбӣ бо дарфёти узвият дар он метавонад, дар як бахши ин умур нақш дошта бошанд. Ва аммо ин иттиҳодия кай метавонад ташкил шавад? Ба ин пурсиш Боғшои Лашкарбек ҷавоби қотеъ дорад, агар роҳбарони иттиҳодияҳо созиш кунанд, пас аз як ҳафта агар не: "Агар нияти нек дошта бошанд ва хайрхоҳ бошанд ва ҳама дар фикри ҳалли мушкилот бошад, ин корро метавонем дар як ҳафта анҷом диҳем ва агар не, ҳеҷ гоҳ."

Вобаста

XS
SM
MD
LG