Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи Русия ба шабакаҳои барқи Тоҷикистону Афғонистон


Ширкати саҳҳомии барқи Русия РАО ЕЭС барнома дорад, аз тариқи Тоҷикистон ба шабакаи барқи Афғонистон пайваст шавад. Ин матлабро раиси ҳолдинги барқи Русия Анатолий Чубайс дар Маскав дар сӯҳбат бо хабарнигорон эълом кард. Аммо гуфт вай, ин иқдом танҳо дар ҳоле амалӣ хоҳад шуд, ки тарҳҳои Русия дар Тоҷикистон пиёда шаванд ва барои раҳандозии ин тарҳҳо даҳ сол дар назар аст. Анатолий Чубайс афзуд, Афғонистон ҳам акнун аз Тоҷикистон барқ мегирад ва Тоҷикистон дар навбати худ бо Русия побанд аст. Феълан ҷониби Русия ҷиддан ба омӯзиши тарҳҳои марбут ба Афғонистон идома медиҳад ва таҳияи тарҳҳои марбута дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар кӯтоҳмуддат ба охир мерасад.

Дар таҳлил ба барномаи энергетикии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ коршиноси иқтисодии тоҷик Бӯрӣ Карим мегӯяд, ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар заминаи энергетикӣ муҳим аст ва аммо Тоҷикистонро лозим аст дар ин фароянд барои истиқлоли энергетикии худ талоши бештар дошта бошад: "Русия дар пешрафти иқтисодии Тоҷикистон, дар пешрафти соҳаи энергетикаи он метавонад, нақши асосӣ дошта бошад. Аммо ҳарчанд миёни ду кишвар шартномаҳои зиёд баста шудааст, вале онҳо амалӣ намешаванд ва шубҳа ҷой дорад, ки дар баробари ин мо истиқлоли энергетикии худро аз даст надиҳем."

Коршиноси тоҷик бо нигаронӣ аз созишномаҳои иҷронашудаи байни Русия ва Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф чунин меҳисобад, ки Тоҷикистон дар заминаи энергетикӣ бояд бо кишварҳои дигар низ ҳамкорӣ намояд: "Дар баробари Русия Покистон низ метавонад кӯмак кунад, Эрон метавонад. Ман хабар дорам, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон кашолкории Русияро ба назар гирифта бо Амрико низ гуфтӯгу кардааст. Ман ҷонибдори онам, ки ҳар кишваре, ки зудтар ҳамкорӣ кардан мехоҳад, бо он бояд ҳамкорӣ намоянд."

Лозим ба ёдоварист, ки РАО ЕЭС - бузургтарин ширкати барқии Русия, ки муассиси он Кумитаи давлатии амволи ин кишвар мебошад, 70 дар сади нерӯи барқ ва баҳраи онро дар ихтиёр дорад. Ширкат барои тавсиаи ҳамкорӣ дар заминаи барқ дар густурдаи шӯравии собиқ ва бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин ва Эрон талош меварзад. Ба гуфтаи Анатолий Чубайс - раиси ширкати мазкур шабакаи барқии Русия беш аз замони шӯравӣ тавсиа пайдо кардааст ва як фишанги тавонои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG