Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс дар атрофи нашрияҳои "хомӯшшуда"


Шодӣ Шабдолов - вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси фраксияи Ҳизби коммунист дар парлумони Тоҷикистон дар нишасти Шурои ҷамъиятии ин кишвар аз мақомоти давлатӣ тақозо намуд, ки дар остонаи интихоботи парлумон рӯзномаҳо ва нашрияҳои ҳизбу созмонҳоро набанданд. Дар нишасти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва мутахассисону кормандони идораҳои давлатӣ ширкат доштанд. Мавзӯи аслии баҳси ин мулоқот ҳамкориҳои сохтори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо васоити ахбори умум буд.

Шодӣ Шабдолов бо назар дошти пайиҳам баста шудани ҳафтаномаи "Наҷот" - нашрияи Ҳизби наҳзати ислом, "Адолат" - нашрияи Ҳизби демократӣ ва ҳафтаномаҳои мустақил ба монанди "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Одаму Олам", "Зиндагӣ" ва чанд нашрияҳои дигар гуфт, чунин вазъ имкон намедиҳад, ки мардум аз ҷараёни интихобот барномаҳои ҳизбҳо дар баробари интихобот огоҳ шаванд. Вай афзуд: "Дар пеш интихобот аст, мо намехоҳем, ягон нашрия баста шавад. Бастани рӯзнома танҳо дар он сурат мумкин аст, ки ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ва низоъи милливу мазҳабӣ намояд."
Дар ҳамин ҳол Ив Бергейн - раиси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе гуфт, дар остонаи интихобот шароити озодӣ дастрасӣ ба иттилоъот муҳим мебошад. Вай афзуд: "Албатта ман наметавонам, аз чунин вазъ пешомад нисбати баста шудани нашрияҳо ёдовар нашавам, ки то кунун наметавонанд, роҳи нашрро пайдо кунанд. Ҳатман ва бояд як роҳе пайдо намуд ва ин мушкили бесобиқаро ҳал кард."

Аммо Мавлон Мухторов - котиби Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки раиси он президент Раҳмонов мебошад, дар робита ба масъалаи мавҷуд гуфт: "Садоҳо аз хориҷа омада истодааст, ки гӯё ба айби ҳукумат, ба айби раиси ҷумҳур ин рӯзномаҳо аз чоп баромада истодаанд, вале ҳақиқати ҳол ин нест."
Ҳамин тавр намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон новобаста аз ин ба қавли онҳо "худсафедкуниҳои" ҷониби ҳукумат гуфтанд, фаъолияти ҳамаи нашрияҳои аҳзоб ва рӯзномаҳои мустақил ба унвони минбари мардум дар остонаи интихоботи парлумони кишвар муҳим аст.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG