Пайвандҳои дастрасӣ

UNISEF низоми маорифи Тоҷикистонро ислоҳ мекунад


Фирӯз Баротов аз шаҳри Душанбе

Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNISEF) тибқи лоиҳаи «Маълумоти ҷаҳонӣ» бо мақсади татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, оид ба ихтисор ва муттаҳид намудани баъзе соатҳои дарсии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, барои омӯзгорон тренинги омӯзиши усулҳои нави таълимро созмон медиҳад. Ба омӯзгорони тоҷик мутахассисон аз Донишгоҳи Плимути Англия дарс меомӯзанд. Хонум Лидра Рамака - мушовири байналмилалӣ оид ба маълумоти глобалӣ мегӯяд, фалсафаи ин барнома дар он аст, ки барои толибилмон муҳити солим ва дӯстонаи омӯзишро фароҳам биоваранд ва ҳамаи ҳуқуқи кӯдакон дар мадди аввал гузошта шавад: «Ба воситаи усулҳои ҳамкорӣ, ё интерактивӣ барномаи "Маълумоти ҷаҳонӣ" мехоҳад, иштироки ҳам писарҳо ва духтаронро дар мактабҳо таъмин ва ҷаҳонбиниашонро васеъ намуда, тарзи хаёти солимро биомӯзонанд. Зеро ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба маълумоти босифат дорад. »

Боймуҳаммад Боев - корманди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, тренерон ба онҳо усулҳои мухталифу ҷолибро меомӯзанд. Ӯ мегӯяд, устоду шогирд бояд ҳамкорӣ намоянд ва миёни онҳо фосилае вуҷуд надошта бошад. Мурод Шоҳин - мушовири барномаи инкишофи атфоли UNISEF мегӯяд, барномаи таълими омӯзгорон тибқи лоиҳаи "Маълумоти ҷаҳонӣ" барои татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф кӯмаки зиёд мерасонад. Зеро бо истифода аз усулҳои замонавии таълим муаллимон метавонанд, маълумоти босифатро ба хонандагон бидиҳанд, то ин ки маълумотро ҳар як кӯдак тавонад, дар амал истифода намояд: «Дар ин ҷараён UNISEF нақши миёнаравро мебозад, зеро мутахассисони соҳаи маориф аз устодони Донишгоҳи Плимути Англия меомӯзанд ва коршиносони ин донишгоҳ баҳри бехатар намудани соҳаи маорифи кишвар бо мутахасиссони тоҷик ҳамкорӣ менамоянд.»

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз 1-уми сентябр соатҳои дарсии бачаҳо ба маротиб кам шуданд. Яъне баъзе аз фанҳои дарсиро якҷоя намуда ва ё пурра аз барномаи таълимӣ берун намуданд. Аз ин рӯ дар донишгоҳҳои омӯзгории кишвар баъзе факултаҳо низ ихтисор ва муттаҳид мешаванд. Яъне донишҷӯ на танҳо муаллими забон ва адабиёт, балки ба сифати мутахассиси ҳамаи фанҳои гуманитарӣ тайёр карда мешавад. Ба андешаи мутахассисон ин амал сарбории хонадагонро кам намуда, ба онҳо имкони омӯзиши фанҳои махсуси дилхоҳ, фароҳам оварда мешавад. Ҳанифа Сатторова - мудири шӯъбаи пешбурд ва таъминоти методии идораи маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд: "Шароити имрӯза тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванд дорои якчанд ихтисос бошад, то ин ки вай дар шароити доимо тағйирёбандаи иқтисодӣ ҳаёти худро пеш бурда тавонад. Аз ин рӯ омӯзгорони серсоҳа низ имрӯз заруранд."
XS
SM
MD
LG