Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикоиҳо аз вазъи партобгоҳҳои ҳаставии Тоҷикистон дар ташвишанд


Барои безараргардонии 22 партобгоҳи радиоактивӣ дар Тоҷикистон ин кишвар ба 20 миллион доллар ниёз дорад ва умед ба созмонҳои хориҷиву кишварҳои кӯмакрасон бастааст. Қарор аст, ҷиҳати омӯзиши вазъи ин партобгоҳҳо, ки аз ҳаштои онҳо дар шаҳри Чкаловски шимоли ин кишвар хатарноктар тавсиф мешавад, як ҳайъати мутахассисони вазорати энержии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон биёяд. Зайд Саидов - вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар авоили ҳафтаи гузашта дар Вашингтон як семинар таҳти унвони «Вазъи партобгоҳҳои радиоактив дар водии Фарғона» баргузор шуд. Ва масъалаи безарагардонии партовгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз мавзӯҳои аслии ин нишаст буд: "Тасмим гирифта шуд, ки коршиносон дар вақти мувофиқ барояшон ба Тоҷикистон биёянд ва мо аз онҳо даъват ба амал овардем. Танҳо партобгоҳҳои Тоҷикистон ба 20 миллион доллари амрикоӣ ниёз доранд, қисме аз онҳо бояд аз нуқтаи назари таҳқиқ карда шаванд, ки ба кадом роҳ онҳоро дурусттар безарар гардонида мешаванд. Шояд баъзе онҳоро кӯчонидан зарур мешавад."

Дар ҳамин ҳол вазорати ҳифзи муҳити Тоҷикистон мегӯяд, бо пеш омадани фасли бориш ва шамолхезиҳо хатари ба оби дарёҳо омехта шудани маводи радиоактив вуҷуд дорад, зеро баъзе аз партовгоҳҳо дар канораи дарёи Сир ҳастанд ва фаровардаҳои ураниуми хатарнок барои сиҳатии одамон ва муҳити зист доранд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири коҳиш додан ва аз байн бурдани хатари партобгоҳҳои радиоактив соли гузашта дар Бишкек ҷамъ омада, як тафоҳумнома ҷиҳати безараргардонии ин гӯрҳо қабул намуданд.

Зайд Саидов - вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони созмонҳо ва ниҳодҳои марбутаи кишварҳои ҷаҳон дар нишасти Вашингтон тасмим гирифтанд, ки семинари оянда дар мавзеъе баргузор шавад, ки партовгоҳҳои радиоактивӣ вуҷуд доранд ва аз ин рӯ интизор меравад, ин нишаст дар шаҳри Чкаловск шимоли Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2005 баргузор гардад. Партобгоҳҳои тоҷикон мерос аз замони шуравӣ мебошанд, ки он вақт корхонаи истеҳсоли ураниум дар шаҳри Чкаловск ҷойгир буд. Ва партобгоҳҳои ин корхона дар атрофии ҳамин шаҳр гӯр карда мешуданд. Бино бар иттиллоъи вазорати саноати Тоҷикистон, аз кишварҳои ҳамсоя Ӯзбакистон, Қирғизистон ва ҳатто аз Русия ва Украин низ бозмондаҳои ураниум ба Тоҷикистон оварда мешуд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG