Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гаравгонгирии муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Яке аз ду тан муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки дар шаҳри Миасси вилояти Челябински Русия, аз сӯи як гурӯҳи муташакили ҷиноии маҳаллӣ рабуда шудаанд, озод ва амалиёти раҳосозии нафари дуввум идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав сухангӯи идораи марказии полиси вилояти Челябинск Марат Винатулин хабар дод. Вай гуфт, полиси мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилоят дар пайи як амалиёти вижа, 24 сентябр дар шаҳри Миясс як гурӯҳи панҷнафариеро боздошт кард, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо талаби пул ба асорат бурдаанд.

Гурӯҳи панҷнафарии ҷавонони 18-20-солаи таҳҷоӣ, таҳти пӯшиши «корфармо» аввал падар ва баъдан писари вайро асир гирифтанд ва аз хешовандони гаравгонон, ки дар шаҳри Миясс ба сар мебаранд, 80 ҳазор рубл, муодили дуюним ҳазор доллар талаб карданд. Вале хешовандони асирон пулро напардохта, ба полис шикоят бурдаанд. Дар пайи амалиёти тарҳрезишуда, бо иттифоқи пайвандони асирон, се тан аз ҷинояткорон ба ҳангоми гирифтани пул боздошт шуданд. Онҳо феълан дар зиндон ҳастанд ва шариконашон таъқиб мешаванд. Ҷавони асир озод карда шуд ва ҷустуҷӯи макони асорати падари вай, шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон идома дорад.

Дар қиболи боздоштшудагон бо банди 126-и Қонуни ҷиноии Русия парванда боз шудааст, ки ба муттаҳамон аз 6 то 15 сол зиндонро дар назар дорад. Сухангӯи полис дар бораи шумораи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Челбинск ибрози бехабарӣ кард, вале мутазаккир шуд, тоҷикон дар минтақа ҳузури чашмгир доранд ва аслан дар сохтмону бозор кор мекунанд, аммо дар посух ба пурсише, ки оё ба асорат бурдани муҳоҷирон дар вилоят собиқа дорад, ё не иброз дошт, ки чунин маълумот дар даст нест.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG