Пайвандҳои дастрасӣ

EBRD тиҷоратро дар Тоҷикистон ривоҷ медиҳад


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ҷиҳати тавсиаи фаъолияти муассисоти кӯчак ва равнақи тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон ба маблағи 2 миллион доллар қарз тахсис додааст. Дар ин робита миёни бонки мазкур ва "Тоҷиксодиротбонк" як созишнома ба имзо расидааст. Иззатулло Лаълбеков - раиси садорати "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, ин қисмати дуввуми кӯмакҳои бонки мазкур дар давоми ду соли ахир аст. Ба гуфтаи оқои Лаълбеков, Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд якҷо бо дигар созмонҳои молиявии байналмилалӣ Барномаи сармоягузории муассисоти хурду миёна барои Тоҷикистонро бо маблағи ҳафт миллион доллар таҳия ва роҳандозӣ кардааст, ки дар як соли пеш қисме аз ин маблағ тавассути бонки "Эсхата" ба ихтиёри муассисот ва тоҷирони тоҷик вогузор гардид. Ва дар соли равон Бонки Бозсохт ва Рушд тасмим гирифтааст, маблағи қарзҳояшро тавассути "Тоҷиксодиротбонк" ба дасти тоҷирон ва роҳбарони муассисоти хусусӣ бирасонад.

Раиси садорати "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, ин қарз бештар ба афроди машғул ба тиҷорат, вале умдатан ба занҳое, ки аз хориҷ ба кишвар молу коло ворид мекунанд, дода хоҳад шуд: "Маълум аст, ки занҳои мо нисбат ба мардҳо хоҷагидориро нағзтар медонанд. Умуман ба кори хоҷагӣ ва ба савдо занҳо машғуланд. Ҳамонҳое, ки ба Туркия, ба дигар мамолики хориҷ рафта, аз онҷо ягон чиз меоранд, барои ҳамин мавриди диққати мо ҳамин занҳо мебошанд."

Оқои Лаълбеков афзуд, аз шашсад нафаре, ки қарзҳои Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро дарёфт кардааст, 56 дар садашро занон ташкил медиҳанд. Барномаи сармоягузории муассисоти кӯчак ва тиҷорати хурду миёнаи созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки бо ибтикори Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд пиёда мешавад, бар изофаи Душанбе ҳамчунин бархе аз навоҳии вилояти Суғдро низ фаро гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир бонки мазкур тасмим гирифтааст, дар манотиқи шарқ ва ҷанубии Тоҷикистон низ фаъолиятҳои имдодии худро роҳандозӣ кунад.
Иззатулло Лаълбеков - раиси раёсати "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, дар чаҳорчӯби барномаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ва аз замони татбиқи он тавассути се бонки маҳаллӣ ҳудуди чаҳор миллион доллари амрикоӣ ба якуним ҳазор тоҷири тоҷик қарз дода шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG