Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми хориҷиён дар барқарории навоҳии водии Рашт


Холиқи Сангин аз ноҳияи Рашт

Аксари сокинони навоҳии шарқи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти баъд аз ҷанги эҳёи инфраструктураҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бахшҳои умдаи хоҷагии халқро дар водии Рашт ба нақшу саҳм ва фаъолиятҳои торафт афзояндаи созмонҳои хориҷӣ дар ин минтақа марбут медонанд. Дар ҳоли ҳозир дар маркази водии Рашт беш аз 10 созмони байналмиллалӣ бо роҳандозии фаъолияти дафтарҳои маҳалли худ дар рушди равандҳои демократӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ин минтақа саҳм мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳузури созмонҳои байналмиллалӣ дар водии Рашт дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои баъд аз низоъ умдатан бо ироаи кӯмакҳои ғизоӣ маҳдуд мешуд.

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (UNDP) яке аз аввалин созмонҳои байналмиллалии фаъол дар Тоҷикистон аст, ки бо тағйир додани самти фаъолиятҳои худ ҳамакнун дар садади он аст, ки барномаҳои гуногунсоҳаи иҷтимоиву иқтисодиро дар Панҷ ноҳияи шарқи Тоҷикистон амалӣ созад. Барномаи мазкур аз соли 1996 инҷониб дар водии Рашт фаъол аст, ба гуфтаи Саймиддин Муҳиддинов - муовини раҳбари минтақавии UNDP дар водии Рашт ин созмон дар марҳалаи аввали фаъолияти худ беш аз 400 лоиҳаро дар бахшҳои гуногуни иҷтимоии минтақаи Рашт амалӣ сохтааст: "То имсол лоиҳаҳои гуногун дар бахшҳои гуногун амалӣ сохта истодааст, аз ҷумла дар бахши маориф, беҳдошт, кишоварзӣ, инфраструктура, тармими роҳҳову пулҳо, энергетика, обёрӣ. Барномаи мо дар марҳилаи аввали фаъолият то соли 2002 беш аз 5 миллион доллар дар ин минтақа масраф кардааст."

Оқои Муҳиддинов гуфт, ҳадафи аслии марҳалаи дуввуми барнома, ки аз соли 2002 оғоз ёфтааст, мусоидат ба рушди иқтисодии минтақа мебошад. Бо ин ҳадаф афзуд вай, дар панҷ ноҳияи водии Рашт бо кӯмаки молии UNDP кумитаҳои маҳаллии тараққиёт созмон дода шудаанд, ки дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир доранд: "Дар 34 ҷамоати панҷ ноҳияи водӣ 34 кумитаи тараққиёт созмон дода шудааст ва барои онҳо беш аз 530 ҳазор доллар ҷудо гардидааст. Дар яке аз сӯҳбатҳо раиси ҳукумати як ноҳияи минтақа гуфт, ки хубии ин кумитаҳо дар он мебинам, ки пеш аз набудани инҳо ҳар рӯз як нафар дари утоқи моро мезаду, як сатил гандум, як сатил орд ва ё чизи дигар талаб мекард. Баъд аз пайдо шудани ин кумитаҳо, шумораи ин одамон кам шуданд, ё тамоман нестанд."

Ба гуфтаи оқои Муҳиддинов, дар бештари маврид барномаҳои UNDP аз сӯи Оҷонси байналмиллалии рушди Амрико сармоягузорӣ мешаванд. Вай гуфт, ахиран бо пуштибонии молии ин оҷонсӣ як лоиҳа барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар панҷ ҷамоати водии Рашт рӯи даст гирифта шудааст. Дар чаҳорчӯби барномаҳои Дафтари Рушди Созмони Милали Муттаҳид Оҷонси рушди Амрико ахиран дар заминаи Маркази ҷомеаи шаҳрвандии водии Рашт маркази омӯзиши компютер ва истифода аз интернетро ба таври ройгон барои хоҳишмандон роҳандозӣ намудааст. Ҳуриннисо Ғаффорзода раҳбари Маркази ҷомеаи шаҳрвандии Рашт дар ин робита мегӯяд: "Оянда ин марказ метавонад, дар дигар ноҳияҳои дигари водӣ филиалҳои худро боз кунад. Азбаски дар ин водӣ дастрасӣ ба компютер, технологияҳои нав кам аст ва мардум аз он кам хабардор ҳастанд, мо ин марказро боз кардем, то аз мактаббачаҳо сар карда то калонсолон онҳоро усули кор бо компютерро омӯзиш диҳем."

Ин дар ҳолест¸ ки ҳафтаи аввали соли нави хониши имсола Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо истифода аз 170 ҳазор доллари амрикоӣ дар ноҳияи Рашт як маркази дигар бо номи Маркази муосири таълими модулӣ таъсис дод, ки дар он беш аз 100 мактабиёну ҷавонони водӣ ба омӯзиши касбҳои мухталиф машғуланд.
XS
SM
MD
LG