Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои ҷумҳуриявии ҷавонон оғоз шуд


Рӯзи сешанбе 28-уми сентябр дар шаҳри Душанбе нахустин Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон оғоз ёфт. Маросими кушодашавии бозиҳо дар варзишгоҳи марказӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти Тоҷикистон доир шуд.Сардовари бозиҳо Сулаймон Абдулвоҳидов - раиси Кумитаи тарбияи бадан ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, барои баргузории ин бозиҳо кумитаи варзиш 170 ҳазор сомонӣ, ё 55 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Ба барномаи бозиҳо нӯҳ намуд шомил аст. Рӯзи аввал варзишгарони ҷавон дар ҳафт намуд - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, гӯштигирӣ, тенниси рӯи миз ва футболи хурд ба қувваозмоӣ шурӯъ карданд.
Сорбон Абдулҳофизов - узви дастаи футболи хурди вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ширкати худ дар нахустин Бозиҳои ҷавонони Тоҷикистон хушнуд аст. Ҳамсӯҳбати дигари мо Зебо Шарифова - узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд аз шароити зист ва таъмини варзишгарон бо ғизо изҳори қаноатмандӣ кард.
Ба андешаи Афзалшоҳ Аҳрорзода - теннисбози ноҳияи Ҳисор ин бозиҳо ба таҳкими дӯстии ҷавонони манотиқи мухталифи ин кишвар мусоидат хоҳад намуд. Мусобиқоти мазкур дар шаҳри Душанбе то рӯзи шанбе 2-уми октябр идома хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG