Пайвандҳои дастрасӣ

Варзиш: Оғози сабқати умумиҷумҳурии ҷавонон


Дар нахустин Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон ҳудуди ду ҳазор варзишгар ширкат хоҳанд кард. Абдусалом Раҷабов - котиби кумитаи тадорукоти ин бозиҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди баргузории ин чорабинии оммавии варзиши миёни ҷавонони тоҷик ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кардааст. Вай афзуд, ҳадафи аслии бозиҳо рушди варзиш миёни ҷавонони тоҷик маҳсуб мешавад. Ба барномаи бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон нӯҳ намуд - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, гӯштии миллӣ, дзюдо, самбо, тенниси рӯи миз, мини-футбол шомил аст.

Ба гурӯҳи якум мегӯяд Абдусалом Раҷабов, дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ғолиби мусобиқоти шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ба гурӯҳи дуюм ҳашт дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ шомиланд.
Маросими кушодашавии Бозихои варзишии ҷавонони Тоҷикистон рӯзи сешанбе 28-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф аз Душанбе
XS
SM
MD
LG