Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ ду нафари дигарро дар ошӯби 1998 айбдор донист


Ҳасан Бобоев - муовини раиси бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи додситони кулли Тоҷикистон 27 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноии ду шаҳрванди кишвар Эмомалӣ Каримов ва Саидмурод Қосимов, ки дар кӯшиш барои ғасби ҳокимият муттаҳам мешаванд, хотима ёфта, барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст.
Вай афзуд, ҳар ду гумонбар соли 1998 ҳамроҳ бо ду тани дигар аз қаламрави ноҳияи Турсунзода ба Узбакистон гузашта, бо гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев - полковники пешини вазорати дифои Тоҷикистон пайваста, дар моҳи ноябри ҳамон сол ба вилояти Суғд шимоли Тоҷикистон ҳамла карданд: «Якум бар асоси моддаи 183 ширкат дар гурӯҳҳои ҷинояткор ва дуввум ширкат дар гурӯҳҳои мусаллаҳи созмонёфта ва сеюм дар кӯшиш барои ғасби ҳокимият гунаҳкор дониста шудаанд.»

Ба қавли муфаттиши додситони кулли Тоҷикистон Ҳасан Бобоев, пас аз шикасти Маҳмуд Худойбердиев, дар соли 1998 то соли 2001 дар дохил ва беруни Тоҷикистон даст ба амалҳои террористӣ задаанд. Муфаттиши додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, бар асоси айбномае, ки алайҳи Эмомалӣ Каримов ва Саидмурод Қосимов эълон шудааст, имкон дорад, онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кунанд. Аз соли 1998 то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон беш аз сад нафар ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба зиндон андохтаанд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG