Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот бо кӯмаки СММ доир мешавад


Беки Раҳмонӣ

Миёни Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар қарордоде ба имзо расид, ки тибқи он ниҳоди ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои доир кардани ин маъракаи сиёсӣ тақрибан 250 ҳазор доллар кӯмак мекунад. Ин маблағ барои таълими 40 ҳазор нафар кормандони Комиссияи марказии интихоботӣ ва ба чоп расонидани асноди зарурии интихобот масраф хоҳад шуд.
Дар робита ба ин Владимир Сотиров - намояндаи хоси Созмони Милал дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон аз Созмони Милал барои баргузории интихобот кӯмак хоста буд. Баҳори соли равон иддае аз намояндагони СММ ба Тоҷикистон омаданд ва қарордоде доир ба ин кӯмак ба имзо расид. Ба гуфтаи Владимир Сотиров, СММ дар роҳи рушди демократия дар Тоҷикистон, озодии сухан ва ба таври шаффоф баргузор намудани интихоботи парлумонии моҳи феврал кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт.
Беки Раҳмонӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG