Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти озоди Осиёи Марказиро пар мекананд


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Ҳукумати Тоҷикистон бо гузоштани шароити муносиб барои нашри рӯзномаҳои давлатӣ ва ҳамзамон маҳрум сохтани рӯзномаҳои озод аз ин шароит муқаррароти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ҷиҳати рушди равандҳои демократӣ ва густариши гуногунандешӣ ва озодии матбуот нақз кардааст.

Фазои иттилоотӣ ва ҳузури васоити ахбори умум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои ахир тадриҷан маҳдуд мешавад. Дар ин хусус Миклош Харастӣ - намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии расонаҳои хабарӣ 23 сентябр дар шашумин конфронси "Матбуот дар Осиёи Марказӣ" дар Душанбе эълом дошт. Ба гуфтаи вай, озодии расонаҳои хабарӣ дар ин минтақа бештар дар заминаи бандҳои марбути тӯҳмат, таҳқир, паст задани шаъну шарафи мақомот ва оид ба сирри давлатии қавонини ин кишварҳо маҳдуд мешавад, ки дар марҳалаи кунунӣ ислоҳи ин асноди ҳуқуқӣ зарур аст.

Дар ҳамин ҳол Ив Барген - сафир ва роҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мушкилоти пешомада дар роҳи чопи нашрияҳои мустақили "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Оламу Одам" ва ҳамчунин ду нашрияҳои аҳзоби мухолифи ҳукумат нашрияи "Наҷот" ва "Адолат" изҳори нигаронӣ карда баста шудани чопхонаи "Ҷиёнхон" - ро кори ғайриоқилона арзёбӣ кард. Оқои Барген гуфт, Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бояд ҳамаи ӯҳдадорӣ ва мукаллафиятҳои худро дар назди ин созмон риоят ва иҷро кунад. Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо гузоштани шароити муносиб барои нашри рӯзномаҳои давлатӣ ва ҳамзамон маҳрум сохтани рӯзномаҳои озод аз ин шароит муқаррароти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ҷиҳати рушди равандҳои демократӣ ва густариши гуногунандешӣ ва озодии матбуот нақз кардааст.

Оқои Барген афзуд: "Бархе аз чопхонаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз нашри панҷ рӯзномаи мустақил, ки манзараи муҳими матбуоти Тоҷикистон буд, сарпечӣ карданд. Маркази САҲА дар Душанбе аз вазъи пешомада ва ҳамлаи нанговар ба Раҷаби Мирзо - сардабири "Рӯзи Нав" изҳори нигаронӣ карда, умед дорад, мақомот гунаҳкорони онро ба ҷазо мекашанд." Оқои Барген таъкид кард, ки ҳукумати Тоҷикистон муваззаф аст, шароити яксон ва мусовиро барои нашру тавзеъи куллия расонаҳои хабарии кишвар новобаста аз мансубият ба ин, ё он ҳизб ва ё ҳаракатҳои сиёсӣ фароҳам кунад.

Аммо Кароматулло Олимов - мушовири давлатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури равобит бо ҷомеа ва рушди иҷтимоӣ яке аз иштирокдорони ин нишаст гуфт, баста шудани чопхонаи "Ҷиёнхон" ва аз нашр бозмондани панҷ нашрияи ғайриҳукуматӣ ҳеҷ гуна ангезаи сиёсӣ надошта, ин кор тавассути ниҳоди масъул ва бо далоил анҷом гирифтааст: "Мо бояд акнун ба қонун одат кунем. Аз он корҳое, ки ҷанбаи моливу иқтисодӣ дорад, хулосаҳои сиёсӣ баровардан даркор нест. Чунки қонунҳои зиёдеро парламент қабул кардааст ва фаъолияти матбуот озод аст. Дар кадом давра ин қадар нашрияҳо буданд, ҳозир зиёда аз 300 нашрия ҳаст. Телевизионҳову радиоҳои хусусӣ шуда истодаанд. Ин ҳама аз ҷараёни пешрафти демократия дар кишвар мо шаҳодат медиҳад."
Дар ҳоле, ки Кароматулло Олимов ангезаи сиёсӣ надоштани қатъи фаъолияти "Ҷиёнхон" ва ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаҳои мустақилро кори ҳукумат намеҳисобад, Мухтор Боқизода - раиси Бунёди гиромидошти рӯзноманигорон ва сардабири "Нерӯи Сухан" яке аз панҷ нашрияи аз чоп маҳрумшуда гуфт, вай мутмаин аст, ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаҳои мустақил бо дастури ҳукумат ва бо ҳадафи муайян сурат гирифтааст. Вай аз сӯҳбаташ бо вакили Маҷлиси Намояндагон Усмон Сабзов дар ин замина ёдовар шуд: "Вақте ки мо мегӯем қазияи боздоштан ва ё рӯи чоп наомадани ҳафтаномаҳо ин характери сиёсӣ надорад, сад дар сад хатои маҳз аст. Зеро се моҳ пеш намояндаи парлумон Усмон Сабзов дар як сӯҳбати хоссае, ки бо ман дар идораи рӯзномаи "Садои Мардум" дошт, рӯирост иқрор шуд, ки парлумони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то интихоботи қарибулвуқӯи Тоҷикистон чопи рӯзномаҳои "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Оламу Одам", "Наҷот" ва "Адолат" - ро боздорад. Зеро онҳо аз он дар ҳаросанд, ки ин рӯзномаҳо метавонанд, чеҳраҳои сиёсии навро вориди майдони сиёсат бисозанд. Огоҳии Усмон Сабзов низ ба он хотир буд, ки имрӯз натиҷаи онро мо дида истодаем ва ин чиз як нақшаи қаблан тарҳрезишуда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон имрӯз онро пиёда кардааст."

Ив Барген - сарвари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе гуфт, тайи муддати сипаришудаи соли ҷорӣ ин созмон ҷиҳати рушди фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон 300 ҳазор евро ба харҷ расонидааст. Вай гуфт, мутмаин аст, ҳукумати ин кишвар дар роҳи нашри дубораи расонаҳои мустақил мусоидат хоҳад кард. Конфронси шашуми "Матбуот дар Осиёи Марказӣ" роҷеъ ба васоити ахбори омма дар Душанбе, ки бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва бо ширкати сад нафар аз ходимони расонаҳои хабарии ин кишварҳо баргузор шуд, рӯзи 24 сентябр низ ҷараён хоҳад дошт.

Вобаста

XS
SM
MD
LG