Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои интихоботии ҲНИТ


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо таъсиси як ситоди вижа аз омодагиҳои ин ҳизб ҷиҳати ширкат дар интихоботи парлумонии кишвар, ки қарор аст моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, эълом дошт. Муҳиддин Кабирӣ - муовини аввали раиси ҳизб гуфт, онҳо тасмим гирифтанд, барои муаррифӣ ва таблиғи барномаҳои махсуси интихоботӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари таваҷҷӯҳи аъзо, ҷонибдорон ва ҷомеа ва ҳамчунин дарёфти кӯмакҳои молӣ як чунин ситоди вижаро ташкил кунад: "Вазифаи ин ситод пеш аз ҳама барои омода кардани ҳизб барои интихоботҳои соли 2005 ҳаст. Ва мо як барномаи корие барои ситод таҳия кардем, ки он иборат аз омода кардани нозирони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳаст дар саросари кишвар ва инчунин сафарбар кардани имкониятҳои инсонӣ ва молии ҳизб ва ҷонибдорони мо барои чорабиниҳои сиёсӣ."

Оқои Кабирӣ гуфт, Ҳизби наҳзат бо истифода аз имконот ва вазъи молие, ки дорад, метавонад 7 ҳазор нозирро ба сифати узви қитъа ва шахси боэътимод аз шумори аъзо ва ё ҳаводоронаш ба қитъаҳои раъйдиҳӣ дар сартосари кишвар ҷиҳати назорат бар ҷараёни интихобот ҷалб кунад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Ҳизби наҳзат тайи як моҳи ахир семинар ва курсҳои вижаи омӯзиширо дар навоҳии манотиқи шарқи кишвар дар ин замина доир ва дар ҳоли ҳозир панҷсад нозири интихоботиро омода кардааст. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, Ҳизби наҳзат якҷо бо аҳзоби дигари узви Эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократӣ ҷиҳати таълим ва омодосозии нозирони интихобот барномаҳои муштарак дорад. Ва барои қабули кӯмакҳо аз созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар доираи эътилоф ҷиҳати омӯзиши нозирон омода аст. Аммо вай ҳамзамон таъкид кард, ки ҳизбаш бештар такя ба манобеи дохилӣ карда, истифодаи имкониятҳои худиро афзал мешуморад.

Оқои Кабирӣ мӯътақид аст, дар сурати каму беш риоят шудани қавонини интихобот, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавон ва имкони таъсиси ҷиноҳи худ дар парламенти ояндаи кишварро дорад, вале агар интихобот дар воқеъ бо усули демократӣ ва шаффофу одилона доир шавад, онҳо метавонанд 8 узви ҳизбро бо маншури вакилӣ таъмин кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG