Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҷаҳонро нигарон кардааст


Владимир Сотиров, раиси Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, эҳтимоли заиф шудани ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар сурати тарки гурӯҳҳои сарҳадбони Русия ҷомеаи байналмилалро дар ташвиш гузоштааст. Владимир Сотиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳифозати муассири марз набошад, дар он сурат эҳтимоли афзоиши қочоқ ва гардиши маводи мухаддир тавассути Тоҷикистон дар миён меояд ва ин албатта ба равандҳои манфие дар мавриди ҳаракати маводи мухаддир тавассути кишвар афзуда, албатта ба вазъи умумӣ низ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Фиристодаи Созмони Милал кумаки ҷомеаи байналмилалӣ ба давлати Тоҷикистонро фавқулодда муҳим хонда гуфт, мадад ба сарҳадбонони ин кишвар аллакай оғоз шуда ва дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.

Вай афзуд: "Масъалаи хуруҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон масъалаи ҳар ду ҷониб аст. Ин масъалаи хеле муҳим аст. Вале масъалаи таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ хеле муҳим мебошад. Ва ба фикри ман, дар ин робита ҷиҳати кӯмак ба Тоҷикистон ва ба раҳбарияти Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани сатҳи муассирияти фаъолияти марзбононаш бояд имконоти ҷомн байналмилалӣ ҳам истифода шавад. Ин чунин маъно дорад, ки бояд аз як тараф онҳоро бо таҷҳизоти наву муосир муҷҷаҳаз гардонид ва баробар роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳифозати марзро ба онҳо таълим дод."
Ва дар ин масъала СММ ба хотири таҳкими мизони муассирияти назорати марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард."

Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG