Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллим аробакаш шуд, тоҷикони Чин, нафрини Темурланг, таҳқири устод Айнӣ


Ҳафтаномаи «Нерӯи Сухан» дар як матлабе ба ифтихори солгарди 13-уми истиқлоли Тоҷикистон навиштааст, озодиву истиқлол зиндагии кулли мардуми заҳматкашро дигар кард. Дар ин матлаб, ки аз шумораи мавқуфафтодаи қаблии нашрия будааст, чунин навишта шудааст, истиқлол деҳқони воқеъиро аз ғуломии колхозу совхоз озод намуда ғуломи фермерҳо намуд. Пас аз истиқлол, муаллими бечора аробакаш шуду шофиру тракторчӣ соҳибмансаб, дарди дил кардааст муаллифи навишта.

Ӯ идома додааст, истиқлоли мо ҳанӯз комил нест. Сарҳади моро артиши Русия ҳифз мекунад, дараҷаи илмии олимони моро вазорати маорифи Русия тасдиқ менамояд. Ҳатто аксари қонунҳоямон рӯнависи қонунҳои «бародари калонӣ» аст, омадааст дар мақола. «Нерӯи Сухан» ҳамчунин навиштаеро аз ҳаёти тоҷикони Чин нашр кардааст. Хабарнигори ҳафтанома, ки ахиран аз сафари ин кишвар баргаштааст, аз қавли ҳукуматдорони чиноӣ навиштааст, дар музофоти худмухтори Шинҷон-Уйғур беш аз чил ҳазор тоҷик зиндагӣ ва бо забони модарияшон таҳсил мекунанд. Дар шаҳри Қошғар беш аз 35.000 тоҷик ба сар мебурдаанд. Ҳудуди навад дар сади аҳолии ноҳияи мухтори Тошқӯрғонро тоҷикон ташкил медодаанд. Аммо дар ин ноҳия таҳсил дар мактабҳо ба уйғурӣ ва чиноӣ сурат мегирифтааст. Тариқи телевизиону радио ягон барнома бо забони тоҷикӣ пахш намешавад. Хабарнигорони тоҷикистонӣ бо ҳаммиллатони тошқӯрғонии худ тавассути мутарҷим сӯҳбат кардаанд, зеро маҳаллиён бо шеваи сарикӯлӣ ҳарф мезадаанд ва забони форсии тоҷикиро балад набудаанд.

«Азия - Плюс» дар иртибот ба пахши саввуми филми «Нафрини Темурланг» тариқи шабакаи телевизионии русии РТР як мақолае нашр кардааст. Ин филм аз забони коргардони машҳури узбак Малик Қаюмов дар бораи кушодани гӯри Амир Темур нақл мекунад. Дар он Малик Қаюмов ҳуҷуми Олмон ба Шӯравиро ба кушодани ин гӯр пайваст медонад, аз қаҳрамониҳои худ ҳарф мезанад ва чанд ҷое Садриддин Айнӣ - қаҳрамони халқи тоҷик ва асосгузори адабиёти муосири тоҷикро таҳқир менамояд. Муаллифи матлаби «Азия - Плюс», доктори санъатшиносӣ Аслиддин Низомов аз чанд лаҳазоти шубҳаангези тасвирнамудаи Малик Қаюмов шигифт мондааст, зеро суханҳои коргардони узбак мантиқан бепоя ва дурӯғ мушоҳида гардидаанд.

Аз ҷумла, аз тарафи ӯ, як коргардони хеле ҷавон хонда шудани як матни қадимаи арабӣ, ки онро ҳатто академик Семенов бо душворӣ хонда тавонистааст, он ки аз он матн Садриддин Айнӣ - аз уламои машҳури давр бехабар будааст, он ки маҳз бо тавсияи Малик Қаюмов маршал Жуков ба Сталин аз сари нав гӯронидани устухонҳои Амир Темурро маслиҳат додааст ва дар натиҷа дар ҷанг пирӯз шудаанд, аз нукоти шигифтовари филм унвон шудааст. Ва аз ҳама аҷиб он аст, ки Малик Қаюмов ин ҳодисаро танҳо пас аз марги Жуков, Сталин, Герасимов, Қорӣ Ниёзов, Семенов, Айнӣ ва дигар ширкатдорони воқеа ба хотир овардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» номаи як тоҷик , собиқ корманди садо ва симои Ирон дар Тоҷикистон, Зафар Мақсудовро зери унвони «Оқои Мақсудов - бадбахт будаед!» нашр кардааст. Навишта шудааст, ин мард дар пайи як тӯҳмат як солу ҳафт моҳ дар зиндонҳои Эрон ба сар бурдааст, баъдан бо талоши зиёди ҳамсараш бегуноҳияш исбот мегардад ва ӯро бо узру пӯзиш озод менамоянд. Ӯ навиштааст, қурбони бозии як гурӯҳи машғул ба қочоқи мошинҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ба Эрон гаштааст ва дар ин кор ҳамчунин дипломатҳои иронӣ даст доранд. Зафар Мақсудов имрӯз талаби пардохти зарари моддиву равонияшро дорад. Ӯ ҳамчунин ҳамқисмати вай гардидани боз дигар тоҷиконро аз эҳтимол дур намедонад ва даъват кардааст, ки ҷабрдидагони ин гурӯҳ бо ӯ тамос бигиранд.
XS
SM
MD
LG