Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Террор ва зулму ситам аз Ислом нест


Ин изҳоротро борҳо сарварони кишварҳои мухталиф, сиёсатмадорон ва рӯҳониёни бонуфузи динҳои маншуртарини олам ба забон овардаанд. Вале боз ҳам бино ба маълумоти расмии давлатҳо, сафи ихтиёриёон дар гурӯҳҳои ифротии динӣ ҳамоно коҳиш намеёбад. Ва шумори террористон ҳамоно аз ҳисоби он афроде, ки гӯё барои ақида аз фидои ҷони худ намеҳаросанд, афзоиш меёбад. Таҳаввулоти солҳои ахир ҳокӣ аз он аст, ки аксари кулли гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ аз номи Ислом амал менамоянд ва мекӯшанд, бо шиори ҳимояти Ислом ва ваъдаҳои лаззати шаҳодат теъдоди ҳарчӣ бештари мардум ва ағлабан ҷавононро ба ин гурӯҳҳо шомил намоянд.

Аммо рӯҳониёни бонуфуз ва мӯътадили исломӣ воқеъияти ҳама даъвоҳои ин гурӯҳҳоро рад менамоянд. Шайх Муҳаммад Сайид Тантовӣ - имоми ал-Азҳар - бонуфузтарин донишгоҳи исломӣ, ки аз маъруфтарин рӯҳониёни суннимазҳаби ислом маҳсуб мегардад, ахиран дар як фатвои вижа гуфт, ҳама афроде, ки бо куштани нафси худ мардуми бегуноҳро низ аз ҳаёт маҳрум месозанд, шаҳид ва фидоӣ маҳсуб намегарданд. Шайх Тантовӣ гуфтааст, ислом ҳама гуна қасд ба ҷони мардуми бегуноҳро шадидан маҳкум мекунад. Абдулбасир Саидов - сархатиби масҷиди «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе дар ин робита ояҳои китоби муқаддаси мусалмонон ва аҳодиси пайғамбари Исломро далел меорад ва мегӯяд, террор ва зулму ситам аз ислом нест:
«Худованди Карим мефармояд, агар куштани кас ба ғайри ҳукми суд, яъне ба ғайри ҳукми қонунӣ бошад, гуноҳаш дар назди Худованд баробари куштани тамоми мардуми рӯи Замин аст. Ва расули акрам (с) ҳар гоҳе ёрони худро ба ҷанг мефиристод, онҳоро насиҳат мекард, ки Шумо бо ёди Худованд бошед ва занҳоро, кӯдакҳоро, мӯсафедҳоро накушед ва дарахтонро набуред ва биноҳоро хароб насозед.»

Рашид Шамси-заде - пресвитер ва йо кашиши калисои насрониёни баптисти Душанбе дар ин маврид бар чунин назар аст: «Худованд ин амалро маҳкум мекунад ва онҳо дар рӯзи қиёмат ҷавоб хоҳанд гуфт. Инҷил мегӯяд, ҳар нафаре, ки хуни касе мерезад, хунаш рехта хоҳад шуд. Инҷил ба куштор даъват намекунад, Инҷил ин амалро маҳкум мекунад. Дар он навишта шудааст: "Қатл накун".»

Домулло Абдулбасир мегӯяд, Аллоҳи Муттаъол дар Қуръони Шариф мардумро аз худкушӣ наҳй кардааст: «Худованд мефармояд, ки ва ло тулқу биайдикум ила-т-таҳлука. Яъне, Худованд мефармояд, ки Шумох худатонро дидаву дониста ба ҳалокат наяндозед.»
Таҳлилгарон мегӯянд, гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аҳдофи сиёсии худ бо эътиқод ва имони мардум бозӣ мекунанд. Ҳарчанд аҳдофи онҳо бештар заминаи сиёсӣ дорад, на мазҳабӣ. Онҳо бо истифода аз шиорҳои исломӣ мардумеро, ки сатҳи дониши динияшон паст аст, ба доми худ медароранд. Ин гурӯҳҳо барои афзун намудани теъдоди ҷонибдорон аз роҳҳои мухталиф истифода мебаранд. Аммо боз ҳам дарк мекунанд, ки мазҳаб муқаддастарин сармояи инсон аст ва бештар мехоҳанд, аз ҳамин сармоя силоҳ бисозанд. Дар бархе аз мавориди дигар, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷавононро барои анҷоми аъмоли террористӣ таҳрик менамояд.

Домулло Абдулбасир мегӯяд, ислом пайравони хешро дар баробари мушкилоти зиндагӣ ба сабру таҳаммул даъват мекунад: «Худованд мефармояд, ки ҳар он касе, ки сабр кунад ва омурзиш кунад, пас ин аз беҳтарин корҳост.» «Фасбиру, сабран ҷамило» омадааст дар Қуръон. «Исбир, фаинналлоҳа маъа-с-собирин,». Сабр намоед, ҳар ойина Худованд бо сабурон ва афроди таҳаммулпеша аст, гуфтааст пайғамбари мусалмонон.
XS
SM
MD
LG