Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон мунтазири номаи СММ


Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати кишвараш доир ба қарздории Тоҷикистон аз Созмони Милал ва эҳтимоли маҳрум шудан аз ҳаққи раъй дар он нома дарёфт накардааст. Оқои Насриддинов муносиботи миёни Созмони Милал ва Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карда гуфт, ки дар иҷлоси навбатии Маҷмааи кулли ин созмон ҳайъати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Талбак Назаров ширкат хоҳад кард. Салоҳиддин Насриддинов афзуд: "Байни котиботи СММ ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мувофиқатномае ҳаст, ки тибқи он ҳукумати Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки муддати даҳ сол он қарзҳое, ки назди СММ дорад, бисупорад. Аз ин рӯ, мо ягон хабари расмӣ аз ҷониби котиботи СММ нисбати дар рӯзҳои наздик пардохт кардани қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон нагирифтаем."

Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳукумати кишвараш бар асоси ин мувофиқатнома ҳақ дорад, тайи муддати пешбинишуда маблағи ҳаққулузвияти худро ба ин созмон батадриҷ бипардозад. Аз сӯи дигар бар асоси ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ин дар салоҳияти Маҷмааи кулл ва ҳаққи ӯст, ки дар сурати тавзеҳи илалли напардохтани ҳаққулузвият аз сӯи ин давлатҳо имкони иштирок дар иҷлоси ин маҷмаа ва истифода аз ҳаққи раъйро барои онҳо таъмин кунад. Тибқи маълумоти СММ, маблағи умумии қарзҳои Тоҷикистон аз ин созмон то ҳоли ҳозир ба як миллиону 252 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст. Ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин Гурҷистон ва Молдова аз кишварҳои шӯравии пешин натавонистаанд, ҳаққи узвият ба Созмони Милалро пардохт кунанд. Дар соли пешин Маҷмааи кулли СММ бо назардошти мушкилоти иқтисодии ин се кишвар ширкати онҳоро дар иҷлоси ин созмон ва истифода аз ҳаққи раъйро барои онҳо то 30 июни соли 2004 тамдид карда буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG