Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Ройзман роҷеъ ба масоили миллӣ


Фаррух Мирзоев - раиси Иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони муқими Екатеринбург дар робита ба тафтиши қазияи мухолифати фонди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" ба ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар вилоят дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, бозрасӣ ҳанӯз анҷом наёфта, ва парванда ба додгоҳ ирсол нашудааст. Вай афзуд, эҳтимоли қатъ кардани парванда ҳам вуҷуд дорад, чаро ки мақомоти вилоят аз роҳбарони фонд, аз ҷумла аз Евгений Ройзман, раиси собиқи фонд ва феълан депутати Думаи давлатии Русия забонхат гирифтанд, ки дигар масоили миллиро доман назананд. Мирзоев тавзеҳ кард, парванда дар қиболи Ройзман ва ҳаммасалкони вай дар заминаи номаҳои додхоҳонаи иттиҳодияи тоҷикии «Сомон» ба мақомоти вилоят, ифтитоҳ шудааст.

Фаррух Мирзоев ҳамчунин хабари оҷонси "Авасто"- ро, ки аз қавли Музаффар Зарифов мудири Маркази муҳоҷирати кории Тоҷикистон навишта буд, додгоҳи вилояти Свердлов фондро ба пардохти ҷарима ба иттиҳодияи тоҷикӣ масъул кард рад намуд. Вай гуфт, гузорише, ки хабаргузории "Авасто" нашр кард, воқеъият надорад. Лозим ба ёдоварист, ки фонд моҳҳои май ва июл, бо ташкили ду гирдиҳамоӣ дар Екатеринбург ва Маскав, аз мақомоти Русия талаб кард, тоҷикон аз кишвар хориҷ карда шаванд. Дар гирдиҳамоиҳо шумораи тоҷикон дар минтақа 150 ҳазор эълом шуд ва гуфтанд, 90 дар сади ҳероинро тоҷикон мефурӯшанд.

Ин дар ҳолест, ки муҳофизи ҳуқуқи башар Светлана Ганушкина ба нақл аз вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, дар вилоят хориҷиён танҳо 3 дар сади ҷиноятҳоро содир карданд ва ҳиссаи тоҷикон дар ин омор танҳо 08 дар сад аст. Ба гуфтаи Иброҳим Абдуллоев - намояндаи вазорати кори Тоҷикистон дар вилояти Свердловск 51 ҳазор муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ ва дар бино ва роҳсозӣ, кабудизоркунӣ ва бозорҳо кор мекунанд ва мақомоти марбутаи вилоят, ба далели бартараф шудани камбуди нерӯи корӣ, аз ҳузури онҳо хушнуд ҳастанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG