Пайвандҳои дастрасӣ

Офати табиӣ парда аз осори ниёгон бардошт


Дар пайи лағжиши кӯҳпора дар ноҳияи Ҷилликӯли Тоҷикистон, воқеъ дар 170-километрии шаҳри Душанбе, нишонае аз осори замони Кушониён, марбут ба қарнҳои II ва I-и -қабл аз солшумории мелодӣ кашф гардидааст. Умедҷон Зоиров, сардори дастгоҳи иҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл гуфт, сокинони деҳаи Тоҷикобод бозёфти чанд хум, зарфҳои қадимаи нигаҳдории моеъот дар ин маҳалро ба ҳукумати ноҳия хабар доданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ноҳия вазорати фарҳанги кишварро аз ин қазия огаҳ карда ва маблағгузории ҳафриётҳои бостонишиносӣ дар минтақаро бар ӯҳда гирифтааст: "Нуҳӯми сентябр аз як гурӯҳи экспедитсионӣ аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбарии Музаффар Азизов ба ҷойи бозёфт рафта, корҳои бозрасиро шурӯъ карданд. Барои ташкил кардани кор мо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ шахсони алоҳида ва аз бучаи маҳаллӣ барои идомаи кор 2200 сомонӣ ҷудо кардем."

Оқои Зоиров ҳамчунин афзуд, муҳаққиқони вазорати фарҳанг мавзеъи бозёфти осори қадима дар ноҳияи Ҷилликӯлро тӯли як ҳафта мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар ҳамин ҳол Музаффар Азизов, сардори бозрасии ҳифзу тармим ва ташхиси ёдгориҳои вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми таҳқиқи мавзеи таърихӣ дар ноҳияи Ҷилликӯл як анбори нигаҳдории ғизо бо 9 хум, теъдоди зиёди дастозҳо аз тахтасанг, ки ҳамчун дастгоҳи ордсозии ғалладона ва коркарди чарми ҳайвонот истифода мешудааст, инчунин катибаҳои рӯи санг кашф гардид.
Бар асоси гуфтаи ӯ, ин бозёфтҳо марбут ба замони сулолаи Кушониён аст, ки асрҳои I ва II қабл аз солшумории мелодӣ дар сарзамини Хуросон бузург ҳокимият доштаанд.
Ӯ гуфт: "Се хумаш барои чармгари мувофиқ кунонида шуда буданд ва боқимондаҳо барои нигаҳдории равған. Баъзе асбобҳо барои тоза кардани пӯст ва омода намудани чарм ва ранг кардани он, ки истифода мешуданд кашф гардиданд. Яъне як қисми ин ҷой устохонаи ҳунармандӣ будааст."

Ба эътиқоди оқои Азизов, баъд аз кашфи ин мавзеи таърихӣ, бостоншиносон водор шуданд, ҳудуди ноҳияи Ҷилликӯлро барои кашфи осори қадима бозрасӣ кунанд. Ӯ афзуд, ҳамчунин дар қаламрави ноҳияи мазкур қалъаи нав, ки Шодигӣ номбар мешавад, шаҳри Ҷилликӯли қадима, марбут ба замони ҳукмронии сулолаи Кушониён, Утилқалъа, ки ба қарнхои VII-VIII мелодӣ иртибот доштааст ва як қалъа бо манораи 24 метрӣ, марбут ба қарнҳои X-XII-и мелодӣ кашф шудааст. Оқои Азизов мегӯяд, мавзеъҳои кашфшудаи таърихии ин ноҳия муҳофизат мешаванд, зеро ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бозрасӣ шудани ин манотиқ мамнӯъ аст ва паёмадҳои фоҷиавӣ дошта метавонад. Гуфтанист, соли 1999 дар ноҳия Хуросони минтақаи Қӯрғонтеппа ҳангоми бозрасии як мавзеи таърихӣ аз сӯи сокинон 9 нафари онҳо зери хок монда, ҳалок шуданд.
Барот Юсуфӣ аз ноҳияи Ҷилликӯл
XS
SM
MD
LG